ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БУНЁДГУЗОРИ НБО «РОҒУН»

Ваҳдат – ободии хонадони мо!

Мардуми диёри арҷманду пурганҷи мо – хурду бузургсол бо дили гарму иродаи пок дар фазои гуворои ваҳдат, ягонагӣ, эътиқод ба ягонагӣ хушҳолу фархунда зиндагӣ мекунанд, кору пайкорро ривоҷ дода, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, комёбиҳои соҳаҳои ҷомеаро устувору афзун мегардонанд. Дар ин радиф Ҳаким Низомӣ гуфтааст: «Обод бар он, ки гӯяд обод…

Ваҳдат ин сарҷамъӣ ва ҳамгироӣ аст, ки ба мардуми шарифи кишварамон насиб гардидааст. Ваҳдати миллии мо ваҳид аст, ягонаву беназир, бемислу монанд аст. Фазои ваҳдатро ободкориҳову созандагиҳо нуру сафо медиҳанд. Чаро ки миллати мо созанда буда, мардуми мо билкулл ҳунарманду ободкоранд. Мавлоно Ҷомӣ гуфтааст: «Яке ҷӯй, Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун, Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун». Мулку сарзамин, манзилу маконро ободу пероста ва хушу гуворо сохтан ин рисолати бузурги мардуми созандаи кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон мебошад.

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли Ватани маҳбуб дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд бунёди ҳазорҳо иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, имрӯз дар меҳвари 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба шарафи ҷашни таърихии миллӣ корҳои қиёснопазир ба сомон расонида, даҳҳо ва садҳо иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Бунёдкорони рисолатманд имрӯз, бино ба гуфтаи мутафаккир Муизӣ, «Аз ҳунармандони аср ӯро касе монанд нест, З-он ки ҳаст ӯ аз ҳунармандӣ ба аср – андар ваҳид» шинохта шудаанду ҷойгоҳи ободонии хешро доранд.

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, бахшида ба ҷашни таърихии миллиамон дар вилоят, маркази шаҳру ноҳияҳои он, ҷамоату шаҳракҳо, минтақаҳои аҳолинишини сарзаминамон, бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ, дастгирӣ ва ҳамкориҳои шарафмандонаи соҳибкорони маҳаллӣ, сокинони ҳимматбаланд қатор – қатор иншоот – мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, дигар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, қасрҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, таъмиру тармими роҳҳо, кашидани хатҳои оби нӯшиданӣ, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, умуман, он чӣ ки ба мардум даркор асту барои мардум хизмат мерасонад, сохта ба истифода дода шуда, айни замон корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Шоири шаҳир Мушфиқӣ гуфтааст: «То ғам нахӯрад кас, нашавад манзиле обод». Яъне ки бино бар талқини Аҳмади Дониш, «Дар асри ӯ доим фарохӣ ва арзонӣ буд, вуфури неъмат ва ободонӣ».

Ваҳдат ободонӣ ва маъмур сохтани ҳаёту рӯзгор, симои кишвар ва пешрафти ҷомеа аст, зеро иқдоми наҷиб ба сӯи ободбум, сарзамини ободон, мулки маъмур, ба тартиб овардан, оростан ва таҷҳизонидан ҳаме нигаронида шудааст.

Дар фазои кишвари аҷдодиамон – Тоҷикистон ҳиссиёти ҳимматбаландӣ, ахлоқу одоби созандагӣ қабат – қабат ба ҷилва меоянду фидокориҳо авҷ мегиранд. Ин ҳама ҳосили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба мисоли як байти ғазали сулҳ ва ҳамдилӣ буда, дар вуҷуди ҳар фард эҳсоси худшиносӣ зам мекунанд, ба имрӯзу ояндаи кишварамон меҳр меоваранд, муҳаббат мебахшанд.

Мардуми худогоҳу сарбаланди тоҷик дарозои бисту се соли Ваҳдати вуҷуду комил ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву ватандорӣ комёб гардиданд. Алалхусус, баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамон ба марҳала, даври нави рушд ворид шуд.

Ҳадафҳои стратегӣ, мақсадҳои неку башоратовар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба арсаи ҳаёти муосир омаданд, амалӣ гардиданд, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон ин неъматҳоро дорост. Ва кунун ҳадафи навбатии чорум – саноатикунонии босуръат пеш меравад, то иқтисодиёти мамлакат боз ҳам рушд ёбад, сатҳи зиндагии шоистаи мардум боло равад.

Рушди саноат, албатта, ба таъкиди мутахассисон ва олимони кишвар, ба нерӯи барқ – энергетика алоқамандии зич дорад. Бинобар он Пешвои муаззами миллат ба бунёд сохтану ба истифода додани неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварамон авлавият дода, ҳидоятҳои бунёдӣ намудаанд. Аз ин рӯ, имрӯз ифодаи «Пешвои миллат – Бунёдгузори НБО «Роғун» дар қалбҳоямон чун машъал нурборон аст.

Як лаҳза ба таърих рӯ меоварем: ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан ба ҷойи аввал баромад. Агар ба оинаи таърих назар намоем, равшан таҷаллӣ мешавад: бунёди «Роғун» - соли ҳазору нӯҳсаду сиюм нахустмарҳалаи тарҳрезӣ, солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду чор – тасдиқи лоиҳаи техникӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии сохтмони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳафтоду шаш – оғози корҳои омодагӣ, моҳи сентябри соли ҳафтоду шаш оғози бунёд буданд. Ҳамин минвол соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт – оғози бунёди сарбанд, бисту ҳафтуми декабри ҳамон сол бастани маҷрои дарёи Вахш ва соли ҳазору нӯҳсаду наваду се – ба чиҳил метр расонидани баландии сарбанд ва кандани бисту як километри нақб сабт гардидааст.

Ниҳоят, бо иқдом ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту шашуми сентябри соли дуҳазору панҷ оғози расмии корҳои барқарорсозии НБО «Роғун» дар саҳифаи ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт шуд. Барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои мақсадҳои наҷиб бар манфиати халқу давлат Президенти маҳбубамон борҳо ба Роғун рафтанд. Аз ҷумла, сиюми майи соли дуҳазору ҳашт сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ба вуқӯъ пайваст ва Пешвои муаззам бо коргарони «Роғун» мулоқот намуданд. Ва инчунин бисту ҳаштуми октябри соли дуҳазору нӯҳ сафари навбатии Сарвари давлат ба шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, суҳбат бо бинокорони неругоҳ доир гардид.

Воқеаи басо хотирмону таърихӣ рух дод: соли дуҳазору даҳ шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО «Роғун» ба имзо расид. Дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатобод рӯзҳое навишта шудаанд, ки эътимод ба ояндаи дурахшон мебахшанд. Даҳуми июли соли дуҳазору дувоздаҳ сафари кории Президенти маҳбубамон ба шаҳри Роғун доир шуд ва Пешвои миллат аз НБО «Роғун» боздид ба амал оварданд. Баъдан, рӯзи понздаҳуми июли соли дуҳазору понздаҳ сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳри Роғун ба вуқӯъ пайваст ва Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.

Санаи чоруми августи соли дуҳазору шонздаҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Роғун қарор дошта, бо рафти корҳо, ҷараёни бунёду сохтмонии НБО «Роғун» шиносоӣ пайдо намуданд.

Рӯзи дигар - панҷуми августи ҳамон сол Пешвои миллатамон аз мавзеи сохтмон боздид намуда, бо бунёдгарони неругоҳ вохӯрӣ доир карданд, ки басо хотирмону воқеан ҳам таърихӣ буд. Боз дар тақдири миллату мардуми тоҷик меваҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ шаҳд бахшиданд. Рӯзи таърихӣ ва лаҳзаҳои тақдирсоз пеш омаданд: бисту нӯҳуми октябри соли дуҳазору шонздаҳ бастани пеши дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо пуршукӯҳу ифтихормандона амалӣ шуд ва ин манзара воқеан ҳам чун шаҳодати худшиносиву ватандорӣ нақш дошт.

Саҳифаҳои таърихи замони соҳибистиқлолиро равшану меҳрбор мехонем: даҳуми маи соли дуҳазору ҳафтдаҳ сафари кории Сарвари давлатамон ба «Роғун» ва мулоқоташон бо бунёдкорон, шиносоиашон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ҳаққо, ки саодатовару файзбахшу ҳувияту фурӯғбахш буданд. Ҳамин тавр, сафари кории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи бисту шашуми июли соли дуҳазору ҳаҷдаҳ низ ба «Роғун» ва мулоқоташон бо бинокорон ва шиносоиашон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ чунин манзару чунин маънӣ дошт.

Рӯзҳои сенздаҳ ва чордаҳуми ноябри соли дуҳазору ҳаҷдаҳ маросими супурдани мукофотҳои Бунёдгузори НБО «Роғун» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисту ду ҳазор бунёдкори «Роғун» доир шуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат тақдим гардиданд.

Мегӯянд, ки «аз дил хуш аст меваи сабру таҳаммулро чашидан». Рӯзи мубораку неку бахосият фаро расид: - шонздаҳуми ноябри соли дуҳазору ҳаҷдаҳ воқеан ҳам таърихӣ буд, агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Пешвои муаззаму маҳбубамон тантанавор, пурнусрату пурсурур ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ намуданд. Аз ҷумла изҳор намуданд: «Мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».

Оре, «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург мегузорад.

Неругоҳи «Роғун» кохи бузурги нури миллат аст. Санаи 9-уми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Сарвари давлатамон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Роғун» ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст».

Тоҷикистони биҳиштосои мо роҳи сафеду иқболи баланд дорад. Ва «Роғун» барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад. Дар радифи ин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон пояндаву абадӣ бод!

Мухтори АБДУЛЛО,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh