САМАРАИ ДАСТОВАРДҲО АЗ СУЛҲУ СУБОТ АСТ!

Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва сулҳи бадастовардаи Тоҷикистонро аксарияти кишварҳои олам ҷонибдорӣ намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари мо дар миқёси ҷаҳон овозадор гаштааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз иттифоқ ва ҳамдигарфаҳмии мардумони тоҷикро созмонҳо ва ташкилоти бонуфузи олам мавриди омӯзиши худ қарор додаанд.

Доир ба мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва дастоварҳои он дар кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатсаро – Тоҷикистон бо номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шӯҳрат Саидзода суҳбат намудем, ки манзури хонандагон месозем.

- Ваҳдати миллӣ ба пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат намуд. Дар ин бора фикру андешаҳои худро баён менамудед?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони нооромии кишвар кори осон набуд. Пешвои миллат зери мафҳуми Ваҳдат тавонистанд, тамом сокиноне, ки гуреза буданд, ба Ватан баргардонанд. Сиёсати ҳамонвақтаи пешгирифтаи Сарвари давлат хеле равшан намоён буд, ки масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дар бар мегирифт.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ барои мо, тоҷикон дар ҳифз ва нигоҳ доштани Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи устувор гузошт. Танҳо бо роҳи ба даст овардани Ваҳдат тавонистем, шукуфоии давлату миллати худро бо роҳбарии Сарвари хирадмандамон нигоҳ дорем.

Ваҳдат буд, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои бузурги умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, соли 2009 таҷлили 1310 - солагии мавлуди Имоми Аъзам баргузор гардид ва ташрифи олимони шинохтаи кишварҳои ҷаҳони Ислом басо саривақтӣ буд.

Ҳамчунин, дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалаи глобалии таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ маҳз аз ҷониби Пешвои миллат рӯи кор омад, ки дар кишвари мо чандин форумҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамаи ин аз шарофати ба даст омадани Ваҳдати миллӣ аст.

- Пас аз ба даст омадан ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллие ба амал омада истодаанд. Мехостем фикри шуморо ҳамчун як сокини кишвар бобати ин пешравиҳо фаҳмем.

- Дар ҳақиқат, пас аз ба даст омадани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар кишвар дигаргуниҳои ҷиддиро мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамаи ин комёбиҳои Ватани азизамон, ки ҳамарӯза шоҳидаш ҳастем, маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Бесабаб коршиносон марҳалаи рушди Тоҷикистонро баъди солҳои 2000 - ум унвон накардаанд. Зеро то ин давра тамоми нерӯи Ҳукумати кишвар асосан барои масъалаи таъмини суботу оромӣ равона шуда буд. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон бо гузашти 23 сол аз замони ба даст омадани сулҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Чор стратегияи давлатӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз давлати аграрии индустриалӣ гузаштан ба кишвари саноатию аграрӣ муқаррар карда шуд. Вобаста ба се стратегия корҳои бисёр бузург анҷом дода шуданд. Хоса ба истифода дода шудани ду чархи НБО-и «Роғун» дар амалӣ намудани стратегияи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва умуман барои кишвар рӯйдоди бисёр ҳам муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин кор бояд ҳам ба хизмати таърихии Пешвои миллат ва ҳам ба пуштибонии мардуми шарифи кишвар аҳсант хонд. Маҳз, иродаву ҷасорати Роҳбари кишвар буд, ки мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд, Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расид. Ҷудо гардидани даҳҳои ҳазор гектар замин ба аҳолӣ ва сол аз сол зиёд гардидани боғу киштзорҳо, бешубҳа, корҳои чашмрас ба ҳисоб рафта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир дорад.

Воқеан, дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, дар арсаи ҷаҳонӣ бо шарофати талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиб ҳамчун давлати ташаббускор ва миллати тамаддунсоз муаррифӣ гардад. Соле қабл аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул гардидани қарор доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Мехоҳам, ҳар як шаҳрванд масъулияти хешро дар пойдории сулҳу субот эҳсос намояд.

- Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh