ВАҲДАТРО ПОЯНДА ДОШТАН ҚАРЗИ МОСТ!

Имрӯз ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 23 – юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Ин рӯзи таърихӣ ва ба ҳаёти халқи тоҷик тақдирсозро ҳар нафари бедордилу меҳанпараст хуб медонад ва дар ин ҷода баҳри пойдор мондани Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва барпо гардидани Ваҳдати миллӣ шоҳидон ва иштирокчиёни бевоситаи он рӯзҳо бо чашмони пуроб ёдовар мешаванд, зеро баҳри расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ҳазорон нафар ҷон бохтаанд.

Дар бобати рӯзҳои мушкили паси сар кардаи халқи тоҷик ва ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Орифҷон Содиқов, собиқ корманди мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ба як саҳифаи онро варақгардон кард, ки фишурдаи онро манзури Шумо - хонандагон менамоем.

Иҷлосия ниҳоли дарахти Ваҳдат аст…

- Дар бобати сулҳи тоҷикон, Истиқлолият ва Ваҳдат, ки неъмати нотакрор аст, бароям сухан кардан душвор аст, зеро он рӯзҳо фаромӯшношуданист… Ҳамон вақт дар шаҳри Душанбе барои таъмини амнияти ҷомеа масъулият доштам. Хадамоти ҷосусие, ки дар хориҷи кишвар кор мекарданд, ба мақсади худ наздик шуда буданд. Аввалан, барои пош кардани Иттифоқи Советӣ ва, сониян, баҳри несту нобуд кардани миллати тоҷик кӯшиш карданд. Ният доштанд бесарусомониро дар Осиёи Миёна, алахусус дар Тоҷикистон оғоз кунанд. Инак, оҳиста - оҳиста он ҷомеае, ки камтар захмдида буд, мардумро ба гурӯҳ ҷудо кард. Соли 1992 нофаҳмию бесарусомонӣ торафт зиёд шуд. Роҳбарон маҷбур буданд, ки ҳукумати муросоро ташкил кунанд. Теъдоде ҳамроҳ шуда ба ҳукумат омаданд, вале вазъиятро чунон душвор карданд, ки ҷануби Тоҷикистон ғарқи хун гашт. Ғарқи оташ шуд, ин қадар ҷаҳолат дар мардуми тоҷик аз куҷо сар зад, касе фаҳмида наметавонист, - гуфт мавсуф.

Яке аз саркардагон дар китоби худ паҳн карданд, ки Тоҷикистон ва халқи тоҷик «дорулкуфр», яъне кишвари кофирон аст, ки дар он ҷо «худобехабарон» ҳукуматро идора мекунанд ва куштори коммунистону пайравони онҳо, роҳбарону ҳукуматдорон савоб аст. Мусодираи молу мулки онҳо низ савоб аст. Мутаассифона, ин гуфтор аз забони нафаре, ки худро тоҷик меҳисобаду миллаташ ҳам тоҷик аст, гуфта шудааст. Ӯро хоҷагони хориҷиаш аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ва бо аслиҳаву яроқ таъмин мекарданд. Онҳо чизеро, ки фармуданд, инҳо ба иҷро мерасонданд. Чунон пиндоштанд, ки бо яроқу аслиҳа метавон ба мақсади ниҳоии худ расид ва ё молу пули зиёд қодир аст, чизеро ҳал кунад.

Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи сарнавиштсоз дар қасри Арбоб ба кор шуруъ намуд. Дар иҷлосия 33 нафар сарвару қумондони боэътимоди яроқбадаст иштирок карданд. Дар ин асно онҳо шоҳид шуданд, ки Тоҷикистон сохти конститутсиониашро барқарор кард. Баробари ин намояндагони дигар давлатҳо ба анҷом расидани кори иҷлосияро назорат мекарданд. Идоракунии давлат парламентӣ шуд. Дар натиҷаи ҷангу ҷидол наздик 180 ҳазор нафар сокинони бегуноҳ дар натиҷаи бесарусомониҳо ҷон доданд. Деҳаю шаҳр, роҳҳои ободро валангору мамлакатро ба харобазор табдил доданд. Иқтисодиёти давлат, ки аллакай коста гашта буд, наздик 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид. Аз роҳи инсонӣ баромадани афродеро дида, худ фикр мекардам, ки кай ин ба анҷом мерасида бошад, зеро дар шаҳри Душанбе агар соли 1992 наздик 600 ҳазор нафар истиқомат дошта бошанд, пас дар нимаи дуюми сол аллакай шумораи онҳо аз як миллион зиёд шуд, зеро мардум аз навоҳии ҷангзада ба Душанбе гурехта омаданд. Он давра барои сокинон озуқа намерасид.

Иҷлосия қонуну қарорҳои дахлдорро қабул кард, пас дарк кардам, ки ниҳоли дарахти Ваҳдат зери гуфтори Раиси Шӯрои Маҷлиси Олии тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон «То ба Ватанам сулҳ наорам, ором намешавам ва агар лозим шавад, дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам» буд. Он 33 нафар саркарда дарк карданд, ки давлати қонунӣ барқарор шуд, сохти парламентӣ гирифт ва он намояндагоне, ки дар он ҷо буданд, пазируфтанд. Мебоист ором мешуданд, лекин пас аз якуним моҳи ба анҷом расидани кори Иҷлосия мухолифин ва саркардагон ба таҳлука афтоданд. Қариб 1500 километр сарҳади Тоҷикистон бе ҳимоя монда буд, қувваҳоро ҷамъ карданд, шаҳраки Ғарм (ҳозира Рашт) - ро пойтахти давлати исломӣ эълон карда, ба болои боми маъмурии ҳукумати қонунӣ байрақи исломиро гузошта, бо шиддати баланд ҷангро оғоз карданд. Барои ором кардани ҷанги бародаркуш давлатҳои дӯсту бародар Тоҷикистонро дастгирӣ карданд. Аввал гуфтушунид дар шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) ва Қайроққум (ҳозира Гулистон) баргузор шуд.

Дар он давра Тоҷикистон имконияти саркӯб кардани хоинони миллатро дошт. Он вақт метавонистем, яроқро гирифта, мубориза барем ва саркардагонро бо хоки сияҳ яксон созем, лекин агар ба осори ниёгон назар андозем, аён мешавад, ки сулҳ аз ҷанг беҳтар аст.

Саъдии Шерозӣ дар бораи ҷангу сулҳ навиштааст:

Ҳарчанд ки интиқом зи душман ҳаром нест,

Дар авф лаззатест, ки дар интиқом нест.

Сарвари давлат ба суханони «Ман сулҳ меоварам» вафодору содиқ монданд ва барои саркӯб кардани душмани миллат нагузоштанд.

 Ҷонбозиҳои содиқони Ватан бенатиҷа намонд…

Комиссияи давлатӣ оид ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои ризоияти миллӣ ба кор сар кард. Олими шинохтаи тоҷик Муҳаммад Осимӣ комиссияро роҳбарӣ мекарданд. Мутаассифона, дар муҳорибаҳои ҷангӣ тиру тӯп он касро захмӣ сохт, зеро 60 фоизи танашон сӯхт. Шаш моҳ дар беморхона табобат гирифта, боз ба кори худ шуруъ карданд. Вале ҷоҳилон он касро ором нагузошта, дар шаҳри Душанбе ба қатл расониданд. Мавлон Олимов - депутати Шӯрои Олӣ, ки он вақт муовини сардори гумруки Тоҷикистон буда, ваҳшиёна кушта шуд. Нурулло Ҳувайдуллоев - Прокурори генералиро хостанд, ки ба зону шинонанд, вале ӯ рад кард. Ба тани ӯ 30 тир заданд, ки 27 - тои он ба ҳадаф расид. Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомад.

Моҳи декабри соли 1994 дар шаҳри Москва барои гуфтушунид роҳбарони давлатҳои мустақил сарҷамъ шуданд. Онҳо тақдири минбаъдаи Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Чунин гуфтушунидҳои тақдирсоз 8 маротиба дар хориҷи кишвар баргузор шуд. Натиҷаи гуфтушунид буд, ки санаи 27 - уми июн созишнома ба имзо расид. Бояд таъкид кард, ки 1171 рӯз гуфтушуниди байни тоҷикону мухолифон дар дохил баргузор шуд.

Миллати азиятдида ба сулҳ расид…

Мардуми тоҷик, ки ташнаи тинҷию оромӣ буд, аз оби ҷонбахш нӯшида, ташнагиашро шикаст. Ҳамон ниҳоли дарахти Ваҳдат, ки дар Қасри таърихии Арбоб шинонида шуда буд, самар дод. Оромиву осудагӣ, фурӯ нишонидани алангаи ҷанги бародаркуш сарзамини тоҷиконро фаро гирифт. Вақте Ваҳдати тоҷикон ба даст омад, Кофи Анан - собиқ Дабири кулли СММ дар баромадаш дар Ансамблеяи генералӣ гуфт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мо ягона сарвар аст, зеро барои оромӣ бахшидан ба мардумаш, таъмин кардани сулҳу салоҳ мухолифини яроқдорро бо яроқу аслиҳааш ба назди худ хонд ва ба мансабҳои баландпояи ҳукуматӣ таъин кард. Ин таҷрибаро омӯхтан лозим аст. Касе, ки наомӯхт, миллату давлаташро бой медиҳад.

- Агар толеи мо баланд намешуд, агар Сарвари давлат сари мизи гуфтушунид намешуданд, шояд мо ба ин рӯз намерасидем, мо давлатро бой дода, аллакай Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харита рафтанаш аз имкон дур набуд. Вале бояд ба қадри ин неъмат расид, тарбияи ҷавононро хуб ба роҳ монда, аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик огоҳ созем. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд, зеро нафаре, ки соҳиби илму ҳунар аст, метавонад, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳмгузор бошаду барои поянда нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ кӯшиш намояд.

Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа шароити хуб муҳайё аст, зеро сохтмони иншооти азим, бунёди мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва фаъолияти коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои олӣ ҳама самараи Ваҳдат аст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh