СУҒД: Дастовардҳо - самараи Истиқлолият ва талошҳои Пешвои миллат!

 Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба тавсиб расидани силсилаи фармонҳои тақдирсози Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ –Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, супориш, дастур, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари хирадпешаамон ва андешидани тадбирҳои судманду саривақтӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят барои амалисозии ҳадафҳои пешбинишуда заминаи мусоид гузошт.

Дар ин раванд талошҳо ва тадбирҳои ба рушд ва пешрафт мусоидаткунандаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода самараи нек ва дилхоҳ ба бор меоваранд.

Чуноне ба мо сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи иамволи вилоят Шарифҷон Ахмедов изҳор дошт, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар солҳои охир нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба марҳилаи рушди бонизом тамоюл карданд. Чунончӣ, дар натиҷаи андешидани силсилаи тадбиру чорабиниҳо маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2019 ба 20,5миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 - 42 маротиба ва нисбат ба соли 2010 - 3,6 маротиба афзуд.

Натиҷаи рушди иқтисодӣ имкон дод, ки марҳила ба марҳила сатҳи маош ва даромади умумӣ ба ҳар як сари аҳолӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардуми вилоят нисбатан боло равад.

Аз соли 2000 то 2019дар вилоят маоши миёна аз 13,45 сомонӣ ба 1174,20 сомонӣ афзоиш ёфта, нисбат ба соли 200087,3 маротиба ва нисбат ба соли 2010 45,4 маротиба зиёд гардидааст.

Андешидани тадбирҳо оид ба рушди устувори макроиқтисодӣ, роҳандозӣ намудани сиёсати мутавозини пулию қарзӣ ва ислоҳоти сохторӣ, барои афзоиши нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуд.

Соли 2019 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети давлатии вилоят 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2010 1916,8 миллион сомонӣ ё 4,8 маротиба зиёд аст.

Агар дар соли 2010 қисми хароҷоти буҷети вилоят ҳамагӣ 447,2 миллион сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2019 ба 1889,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 4,2 маротиба нисбат ба соли 2010 зиёд мебошад.

Ин имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ тадриҷан зиёд гардад.

Дар соли 2019 маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ба 451,5 миллион сомонӣ расонидашуда, нисбат ба соли 2010 5,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар соҳаи маориф низ маблағгузорӣ 4,2 маротиба афзуда, он аз 208,4 миллион сомонии соли 2010 то ба 867,4 миллион сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд.

Таъмини афзоиши нафақаи нафақахӯрон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар солҳои 2010-2019 андозаи нафақаи миёна аз 116,62 сомонӣ то ба 291,30 сомонӣ ё 2,5 маротиба баланд бардошта шуд.

Соҳаи саноат асоси инкишофи иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ҷамъбасти соли 2019 дар қаламрави вилоят 620 корхонаҳои хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият доштанд. Феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 175 номгӯи маҳсулотро дарбар мегирад.

Саноати вилоят аз соҳаҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, саноати металлҳои ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати коркарди металлҳо ва мошинсозӣ, саноати кимиё ва нафту газ, саноати масолеҳи сохтмон, электроэнергетика ва саноати сӯзишворӣ ташаккул меёбад.

Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 501 адад зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол рӯй ба афзоиш ниҳода, дар соли 2019 ба маблағи 12888,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010 4,2 маротиба зиёд мебошад.

Тӯли солҳои охир дар соҳаи саноати вилоят як силсила корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо ҷойҳои нави кории ҷавобгӯй ба стандартҳоӣ ҷаҳонӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина истеҳсоли номгӯйи маҳсулотҳои асосӣ зиёд гардида, имконияти боз ҳам зиёдтар истеҳсол намудани маҳсулотҳои воридотивазкунанда муҳайё гардидааст ва ба ин васила ба диверсификатсияи истеҳсолот замина гузошта шуд.

Дастоварди бузург барои саноатчиёни вилоят ин ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ, ба монанди дару тирезаҳои пластикӣ, лӯлаҳои обгузари пластикӣ, семент, рангҳои сохтмонӣ, шиша, оби газноку афшураҳои гуногун мебошад, ки воридоти ин намудҳои маҳсулот аз хориҷи кишвар сол аз сол кам гардида истодааст.

Тайи солҳои охир вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва содироти ҳарчи бештари маҳсулот дар ҳудуди вилоят зиёда аз 20 корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк таъсис ёфта, маҳсулоти онҳо ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст.

- Сол аз сол зиёд шудани ҳиссаи саноати коркард аз рушди бемайлони соҳаи соҳибкории хурду миёна, махсусан соҳаҳои саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ далолат медиҳад, ки дар навбати худ ба афзуншавии саҳми сектори хусусӣ дар ташаккули буҷети вилоят заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Чунончӣ, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти вилоят давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 дар вилоят 40 корхонаву коргоҳи нав бо 574 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд, - изҳор дошт Озифхон Шарифзода – мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Дар маросими ифтитоҳи расмии корхонаву коргоҳҳои коркард ва банду басти асали филиали ширкати “Хантана Канада инк”, истеҳсоли профилҳои пластикии “Афранг пластик”, коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд агро”, истеҳсоли қубурҳои пластикии “Сифат пласт”, шифер ва қубурҳои азбестии “Воситзода” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.

Кишоварзӣ дар вилоят соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаҳои саноати вилоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши аввалиндараҷа мебозад. Солҳои охир ислоҳоти комплекси агросаноатӣ идома ёфта, бо таҷдиди корхонаҳои соҳа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа бо назардошти ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ дар вилоят ҳоло зиёда аз 68 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти пурсамар доранд.

 Дар давоми солҳои 2010 - 2019 пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон меҳнати шоиста намуданд ва дар натиҷа дар соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи умумии кишоварзӣ нисбат ба соли 2010 1,5 маротиба афзуда, ба 8095,0 миллион сомонӣ расонида шуд.

Дар вилоят, хусусан дар солҳои охир рушди пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ, токпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ шоиста арзёбӣ гардида, сол аз сол нишондиҳандаҳои соҳа меафзояд.

Таҳлили вазъи соҳаи ғаллакорӣ дар вилоят нишон медихад, ки дар соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо ба 331,7 ҳазор тонна расонида шуда, он нисбати соли 2010 66,2 ҳазор тонна ё 1,25 маротиба зиёд мебошад.

 Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба 494,9 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2010 165,4 ҳазор тонна ё 1,5 маротиба зиёд мебошад.

 Соҳаи картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он дар назар дошта шудааст. Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 450,3 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2010 1,6 маротиба ё 164,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ васеъкунии майдон аз ҳисоби заминҳои ҳосилхез ба амал бароварда шуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсол асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ таъмин шуда истодааст.

Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ сол аз сол афзоишёфта, дар солҳои 2010-2019 ҳамагӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 2203,8 миллион доллари ИМА сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб гардид, ки аз он ба маблағи 347,6 миллион доллари ИМА сармоя танҳо дар соли 2019 ба татбиқи лоиҳаҳои гуногун равона карда шудааст.

 Танҳо дар зарфи 10 соли охир дар вилоят дар доираи татбиқи зиёда аз 50 лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ наздик 1,0 миллиард доллари ИМА маблағҳо азхуд карда шудааст. Айни ҳол дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо дар ҷамъбасти соли 2019 ба 234,9 миллион доллари ИМА расонида шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2019 барои татбиқи лоиҳаҳо 109,5 миллион доллари ИМА ҷалб гардидааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи якчанд лоиҳаҳои хурду бузург пешбинӣ гардидааст. Бо татбиқи онҳо масъалаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла сохтмону азнавсозии роҳу пулҳо, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншоотҳои маорифу тандурустӣ тадриҷан роҳандозӣ гардида, дар маҷмӯъ ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон мусоидат менамоянд.

Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодии вилоят мебошад. Ҳамкориҳои мазкур ба мустаҳкам гардидани заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдшавии ҳиссаи соҳибкорӣ дар ташаккули маҳсулоти минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда истодааст.

Агар солҳои қаблӣ намудҳои асосии маҳсулоти содиротӣ ин маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули коркарди он, аз ҷумла маҳсулоти пахтагӣ, меваи хушк, консервагиҳо ба шумор раванд, солҳои охир сохтори содироти вилоят куллан дигаргун шудаст. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла семент ва консентрати маъдан босуръат зиёд шуда, дар маҷмӯъ, надик 70,0 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад. Номгӯи маҳсулоти асосии воридотӣ тадриҷан коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, воридоти орд, равған, масолеҳи бинокорӣ, семент сол аз сол кам шуда, барои истеҳсоли орд гандум ворид гардида истодааст. Ҳамзамон, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизотҳои технологӣ, маҳсулоти нафтӣ ва чӯбу тахта маҳсулоти пурра воридотӣ маҳсуб меёбанд.

Дар ин муддат аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоят садҳо иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншоот ба истифода супорида шуданд.

Аз ҷумла, тӯли ин солҳо мактабҳои нав бо наздик 60 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки бори аввал дар вилоят дар самти ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ замина гузошта, дар ин ҷода сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабии инноватсионӣ идома дорад, ки талаботи рушди муосир мебошад.

Ҳаёти фарҳангии вилоят дар заминаи арзишҳои миллӣ такмил ёфта, он аз самараи неки истиқлолият шаҳодат медиҳад. Солҳои 2010 - 2019 заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ боз ҳам мустаҳкам шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ бештару мазмунан ғанӣ гаштанд.

 Баргузории мулоқотҳо ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят, ки зимни супориши Сарвари давлат амалӣ мегарданд, бешак ба раванди демократикунонии ҷомеа ва ҳалли мушкилоти зиёди дар маҳалҳо ҷойдошта такон бахшид.

Ин буд, ки бо сарҷамъиву саъю талош ва меҳнати дилгармонаи сокинон дар вилоят рушди тамоми соҳаҳо таъмин ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардидааст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин раванд баҳои баланд дода шуд.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh