Гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди истифода қарор гирифт

 

 

 

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе"-и шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Фармоишгар ва пудратчӣ ҶДММ “Сохтмончиёни Суғд” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ПИЛҶ “САНИИОСП” таҳия гардидааст. Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2 -буда, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст. Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақа мебошад.

Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, ҳамарӯз дар он беш аз 60 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ кору фаъолият доштанд. Иншооти мазкур дорои 114 адад нуқтаҳои савдо буда, ҳангоми ба истифода додан зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар мағозаҳои гузаргоҳи зеризаминӣ дар баробари молу колои зарурӣ, ҳамзамон анвои гуногуни ватанӣ, бахусус истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон карда шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ин иқдоми неки соҳибкорро тавсиф намуда, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, нақши муосир гузоштан ба муаррифии молҳои ватанӣ баҳои баланд дод.

Ҳамзамон болои гузаргоҳи зеризаминӣ мумфарш ва ҳудуди он барои бехатарии шаҳрвандон панҷарабандӣ карда шудааст. Роҳрави кӯчаи Шарқ пурра сафолакпӯш ва қадди роҳ бо усусли муосир чароғон гардидааст.

Бунёди чунин гузаргоҳи калони зеризаминӣ самараи рушди босуботи кишвар ва инкишофи соҳаи тиҷорат арзёбӣ гардида, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон ва бахусус таъмин бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh