Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолони ноҳия мулоқот карда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Дар аснои мулоқот барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи обу замин, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, захираи маҳсулот, гирифтани то се-чор ҳосил, гузаронидани корҳои безараргардонӣ баҳри пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар бархе кишварҳои ҳамсоя хурӯҷи нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва вазъи мавҷуда тақозо дорад, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ пурра бо маводи зарурӣ таъмин карда шаванд. Раисони ҷамоату деҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, ба ин васила то ҳадди имкон аз паҳншавии беморӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Шаҳрвандон низ бояд ба ин масъала беаҳмиятӣ зоҳир накарда, тамоми қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ ва тавсияи табибонро риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз гирифторӣ ба беморӣ ҳифз намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh