Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашнҳои таърихии 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ҷараёни корҳои сохтмониро дар чанде аз иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят аз ҷумла бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Беморхонаи марказии шаҳр, бинои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, меҳмонхонаи “Саразм-плаза”, қаҳвахонаи замонавӣ, мактаби нав барои 1280 хонанда, дӯконҳои ҳунармандӣ дар шаҳраки Саразм, дарвозаи мамнуъгоҳи Саразм ва панҷарабандии атрофи ёдгории таърихӣ, навсозии роҳҳо шинос гардид.

Дар поёни сафари корӣ Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Бобораҷаб Бобоев ва Шириншо Шафоатовро аёдат намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh