Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд

15 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди бунёди як қатор иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, ки сохтмони он дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бомаром идома дорад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин ҷо асосан ҳуҷраҳои кории кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, сохторҳои тобеи он, аз ҷумла КФД «Бақайдгирии молу мулқи ғайриманқул, идораи «Аэрогеодезияи вилоят ва ғайраҳо ҷойгир карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2016 оғоз ёфта, он то ба имрӯз марҳила ба марҳила сохта шуда истодааст ва барои сохтмони он 6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз корҳои асосии сохтмон анҷом ёфта, тирезаҳои бино насб карда шудаанд.

Дар ошёнаи якуми бино ташкили хизматрасониҳо бо усули «Равзанаи ягона» пешбинӣ шудааст, ки барои сари вақт қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба замин мусоидат хоҳад намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо ба пудратчиёни бино ва масъулини дахлдор машварату супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh