Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Бӯстон

15 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 167 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 21 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ нақши соҳибкорон низ назаррас буда, маҳз бо талоши онҳо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ҷараён дорад.

Масалан, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Муқаддас Қодирова сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ бо маром идома дошта, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 30 нафар ҷалб гардидаанд. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона то 50 нафар сокинони маҳалли бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Ё худ бо ташаббуси соҳибкорон корхонаи ҶДММ “Ганҷофар” бунёд гардида истодааст, ки самти фаъолияти он дар оянда коркард ва истеҳсоли метал мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхона 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Соҳибкори дигари маҳаллӣ Шодибек Ахмедов бошад беморхонаи замонавии хусусӣ бунёд намуда истодааст. Бинои беморхона аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он барои табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Оилаи Рауфовҳо низ дар иҷрои корҳои созандагӣ саҳми худро гузошта, кӯдакистони хусусии “Ворисони илм”-ро бунёд намудаанд. Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна иборат буда, он имкони ба таълиму тарбия фаро гирифтани 120 нафар дӯстрӯяконро дорад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда иқдоми соҳибкоронро шоистаи пайравӣ унвон карда, ҷиҳати бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бунёд сохтани иншоот дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят аз ҶДММ “Нуртез” боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, аз ҷониби ширкат бо назардошти талаботи бозор сехи истеҳсоли ниқобҳои тиббии яккарата таъсис дода шуд. Дастгоҳу таҷҳизоти сехи мазкур аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, дар як шабонаруз то 10 ҳазор ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh