Ба Гулистон 91,3 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб шуд

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор гардид, ки дар он муовинон, масъулини сохторҳо ва намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.

Сароғоз раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз натиҷаҳои фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2020 маълумот дода, зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шуда, нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт иҷро гардид. Дар ин давр ба қисми даромади буҷети давлатӣ 63,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,7 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 413 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 18,1 миллион сомонӣ буда, 19,7 миллион сомонӣ ё 109,3 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин марҳала ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 91,3 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 46,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. Баҳри истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 129 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад.

Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зиёда аз 1926 оила ба маблағи зиёда аз 399,5 ҳазор сомонӣ маводи хӯрокворӣ ҳамчун кӯмак расонида шуд.

Доир ба рушди соҳаи туризм дар шаҳр зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 924 меҳмонони хориҷӣ ва 6648 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ, дар шашмоҳаи аввал 7572 нафар истироҳат намуданд.

Сипас, Фирдавс Шарифзода ба саволҳои рӯзноманигорон, ки масоили тақвияти корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, бурдани корҳои безараргардонӣ, вазъи гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш, таъмини таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру шаҳракҳо, таъмини маводи ниёзи мардум ва оби нӯшокӣ, ба истиқболи арзандаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷинояткорӣ дар байни занон ва ҷавонон, корҳои ободонӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва амсоли инҳоро фаро мегирифт, посух гуфт.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh