Фаъолият дар ҳама самт мусбат аст

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода аз натиҷаҳои ҷамъбаст иттилоъ дода афзуд, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат як қатор иншооти хизматрасонию маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки аз онҳо 60 адад ё ин ки 54,5 фоизи нақша иҷро гардид ва дар ин самт корҳои сохтмонӣ алҳол идома доранд.

Темурҷон Нӯмонзода таъкид намуд, ки бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум эътибори аввалиндараҷа дода, баҳри пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии коронавирус (СOVID-19) тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия захираи маводи муҳофизатӣ ва безараргардонӣ кофӣ ҳастанд.

Даромади буҷети давлатӣ аз нақша барзиёд иҷро гардид, ки 101,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда дар ноҳия 93 фоиз ба иҷро расидааст. Рушди соҳаи саноат дар ноҳия хеле хуб арзёбӣ шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар боло рафтааст.

Дар ҳамаи сохторҳои кишоварзии ноҳия ба маблағи 77 миллиону 28 ҳазор сомонӣ ё ин ки 103,2 фоиз маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 372 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Барои ба даст овардани ҳосили фаровон дар 16 ҳазору 477 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 14 ҳазору 729 гектар дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 гектар зиёд аст. Айни ҳол дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 4 адад минтақаи обтақсимкунӣ, 13 пойгоҳи обкашӣ, 28 адад дастгоҳи обкашӣ ва 13 адад чоҳи амудӣ мавҷуданд.

Дар нимсолаи якуми соли равон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 569 нафар корҷӯ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 223 нафар зан ва 301 нафарро ҷавон ташкил медиҳанд ва 411 нафар бо кор таъмин шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 2284 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 314 адад кам аст.

Раиси ноҳия ба намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва шаффофу беғараз инъикос намудани дастоварду камбудиҳои ноҳия миннатдорӣ карда, умед намуд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият меёбанд ва ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh