Тадбирҳои воқеъбинона баҳри рушди ҷомеа

Дар маҷлисгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишастро прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Прокуртура дар нимсолаи якуми соли 2020 фикру андешаи худро баён кард.

Мавсуф дар маърӯзаи худ қайд кард, ки ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз 5048 муроҷиати ба мақомоти Прокуратураи вилоят воридгардида 1509 адади онро бевосита кормандон баррасӣ намуда, 317 адад муроҷиат қонеъ карда шудаанд.

Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва баррасии масъулияти шахсони гунаҳгор 168 санади эътиноӣ оварда, 128 қарори ғайриқонунии мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 103 истеҳсолоти интизомию маъмурӣ ва 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Инчунин, ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам дар корхонаҳо, муассисаҳо санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳгор 87 амр, 121 пешниҳод бароварда, нисбат ба 250 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва маъмурӣ оғоз шудааст. Барои бе баррасӣ мондани муроҷиатҳои шаҳрвандон бо моддаи 163, қисми 1-и, Кодекси ҷиноятӣ 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар давраи таҳлилӣ Прокуратураи вилоят баҳри таъмини волоияти қонун дар тамоми самтҳои назорати прокурорӣ 887 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 2518 амр, 1697 эътироз, 1313 пешниҳод, 2341 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, 684 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 5515 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ тафтиши пешакӣ ва даъвоҳои прокурорӣ 121,1 миллион сомонӣ зарари моддӣ барқарор гардида, 476 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Зикр гардид, ки бо омӯзиши қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ба 176 қарорҳи ғайриқонунии онҳо эътироз оварда, аз ин 152 адад ё 86,4 фоиз вобаста ба қонунгузории замин, 79 эътироз ё 43,1 фоиз ба қарорҳои раисони фаъолияткунанда буда, ҳамаи онҳо баррасӣ ва қонеъ карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустӣ зери назорати қатъӣ гирифта шуда, диққати асосӣ ба пешгирии интиқол ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ, бахусус “COVID-19”, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи муҳофизатӣ аз ин беморӣ равона гардида, зимни санҷишҳо риоя нагаштани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз набудани дидбонгоҳҳои гумрукӣ ошкор гардида, унвонии роҳбарони мақомоти марбута пешниҳодҳо ирсол карда, баҳри бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз натиҷаи санҷишҳо дар соҳаи тандурустӣ 283 санади эътиноӣ бароварда, 106 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки аз ин вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятии COVID-19 24 санади эътиноӣ бароварда, 88 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Инчунин, 48 ҳолати ба фурӯш баровардани 986 адад дорувории муҳлати истеъмолиаш гузашта ва 2869 адад бе сертификат ошкор ва аз муомилот гирифта, нобуд карда шудааст. Дар рафти санҷиши қонунгузорӣ дар бораи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳолатҳои риоя нагардидани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти ба саломатӣ хавфнок, фиреби истеъмолкунандагон ошкор шуда, 1264 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва нисбати 63 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд.

Ҳамзамон, Ҳабибулло Воҳидов оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, риоя ва иҷрои қонунгузории замин, иҷрои қонунгузорӣ дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва иҷрои дигар қонунгузориҳо фикру андешаи худро баён намуд. Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh