Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Саразм бо рафти бунёди иншооти гуногун шинос гардид

22 июли соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Сарвазири мамлакатро дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода худи ҳамин рӯз ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, рафти корҳои сохтмониро дар иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 “Дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои марбут ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дошта, бунёду барқарорсозии ҳазорҳо иншооти гуногун идома дорад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент бунёду баистифодадиҳии 405 иншоот дар назар дошта шуда, роҳбарияти шаҳр ва сокинон ҳамзамон барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ омодагӣ мебинанд.

Дар доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи ҷашнҳои таърихӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент, инчунин сокинони ватандӯсту ободкор силсилаи иншооти иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сафар дар Ҷамоати деҳоти Саразм бо рафти бунёди осорхонаи таърихию кишваршиносии “Саразм”, меҳмонхона, дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар мавзеи шаҳраки Саразми бостонӣ, дарвозаи мамнуъгоҳи Саразм ва мумфаршкунии роҳҳо шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони осорхона, меҳмонхона, дарвозаи мамнуъгоҳ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дӯконҳои ҳунармандӣ бо саҳмгузории соҳибкорон ва навсозии роҳҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба анҷом расонида мешавад.

Дар иншооти зикршуда корҳои асосии сохтмонӣ ба итмом расида, айни замон пардоз ва рангкунӣ, кашидани нақшу нигори миллӣ, кандакории қисматҳои алоҳида ва мумфаршкунии қабати якуми роҳ идома дорад.

Зимни боздид зикр карда шуд, ки 5500-солагии Саразм бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил хоҳад шуд ва ин ҷашн ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ворид шудааст.

Бинобар ин, корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ба иҷро расонида шуда, иншооти ҷашнӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда омода карда шаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh