Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти бунёди иншооти гуногун дар Панҷакент

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти бунёди як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ шинос гардиданд.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла бо сохтмони корхонаи коркарди мис, коргоҳи коркарди меваи хушк, сардхона, беморхонаи марказӣ, бинои муассисаи таълимӣ, бинои агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошно гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Ҳини боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди мис аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд карда мешавад.

Аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолии ин минтақаи саноатӣ Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди мис чораандешӣ карда, иншооти мазкурро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода диҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 266 иншоот, аз ҷумла дар соли 2018 81, дар соли 2019 161 ва дар 6 моҳи соли 2020 24 иншоот сохта ба истифода дода шуда, корҳои бунёдкорӣ идома доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh