Неъмати бебаҳо, манбаи худшиносӣ

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва беназири ҷомеаи муосири мо мебошад. Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ шинохта шуд. Маҳз, Истиқлолият ба мо озодии миллӣ дод, имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намуд.

Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Имрӯз дар кишвар дар доираи омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ таҳти шиори 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ низ зиёда аз 80 иншооти гуногун бунёд мегарданд. Боиси хурсандӣ ва сарфарозии кормандони мақомоти судӣ мебошад, ки дар арафаи 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, яъне санаи 20-уми августи соли 2019 бинои нави Суди ноҳия аз ҷониби Пешвои миллат тақдим шуд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои тамоми шароит барои фаъолияти бомароми Суди ноҳия мебошад.

Ҳамзамон, он рӯз биноҳои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД-и ноҳия, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои дастаи сӯхторхомӯшкунӣ, филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амонатбонк, Беморхонаи марказӣ бо 40 кат тақдим, ба сохтмони варзишгоҳ бо 3000 ҷойи нишаст ва дигар биноҳо оғоз бахшида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда буданд ва барои кормандони соҳаҳои мухталиф як бинои истиқоматии дуошёнагӣ иборат аз 16 манзили зист, аз ҷумла ба Суди ноҳия як адад хонаи истиқоматии барҳаво, дорои тамоми шароит барои зиндагӣ тақдим карда шуд. Ин дастгириву ғамхорӣ мо, кормандони Суди ноҳияро рӯҳбаланд намуда, барои масъулияти бештар муваззаф менамояд. Зимнан бояд гуфт, ки худи ҳамон сол бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ сохта, бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Илова бар ин, роҳҳои марказии ноҳия мумфарш шуд. Дар маҷмуъ, бо шарофати Истиқлолият ва талошҳои Пешвои миллат маркази ноҳия сол аз сол ранги дигар гирифта, ба шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо таъкид мекунанд, ки имрӯз аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Ҳамаи ин созандагиву ободкорӣ дар солҳои Истиқлолият ба вуқуъ пайваста, аз ғамхории бевоситаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва имрӯз мо бояд барои ҳифзу таҳкими таъкидҳои Сардори давлат оид ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва таҳкими қонуният талош варзем.

Иноятулло Ғуломзода,

раиси Суди ноҳияи

Кӯҳистони Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh