Нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Барои пешгирии паҳншавии коронавируси КОВИД-19 аз ҳисоби буҷети вилоят 9 миллиону 561,8 ҳазор сомонӣ  маблағ ҷудо гардид ва маблағи ҷудошуда барои харидани таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои махсус барои табибон, доруворӣ ва маводи антисептикӣ, кӯмаки моддӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва иловапулӣ ба маоши онҳо равона карда шуд. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз, 24 июл зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоикистон аз 18 марти соли 2020, №АП –1365 ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар вилояти Суғд амри Раиси вилоят аз санаи 1-уми апрели соли 2020, № 48 ба тасвиб расида, ситоди вилоятӣ ташкил карда шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

-Мардуми шарифи вилоят, бахусус кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар лаҳзаҳои ҳассос зери таваҷҷуҳ ва дастгирии доимию ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.  Бо иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлат ба вилоят зиёда аз 900 тонна маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи тиббӣ дастрас гардид – афзуд Раиси вилоят.

Раиси вилоят инчунин оид ба дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумот дода, иброз дошт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 баҳри бартараф намудани таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус пайомадҳои пандемияи корнавируси КОВИД-19, ба таври мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои ниёзи аввал ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо, ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин  таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти камкунӣ нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  ба маблағи 1 млрд. 75,2 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша  100,8  фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 1 млрд. 84,2 млн. сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 9,0 млн. сомонӣ нисбат ба соли гузашта 74,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.     

Аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 ум афзоиш ба 114,4 фоиз баробар мебошад.

Дар ин давра ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 252,5 ҳазор тонна орд ва 2 ҳазору 740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2 ва 1,4 баробар зиёд аст.

Дар натиҷаи тадбирандешиҳо давоми шаш моҳи соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз таъмин гардид.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 233,7 ҳазор гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44,9 ҳазор гектар ё 16,1 фоиз ба хочагиҳои аҳолӣ рост меояд.  

Ба рӯзноманигорон инчунин доир ба вазъи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар вилоят бунёд ва таъмиру азнавсозии 7111 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2020 бунёди 1895 иншоот пешбинӣ шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 883 иншоот ба фаъолият оғоз намуд, ки баробари 46,6 фоизи нақшаи солона мебошад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 4901 иншоот мавриди таъмиру азнавсозӣ ва сохтмон қарор гирифтааст, ки баробари 68,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, Бобоҷон Икромов, Усмон Раҳимзода, Мавлуда Рофиева, Мадина Почоева, Қамари Аҳрор, Муслима Раҳимова, Баҳром Файзуллоев, Ӯрунбой Усмонов, Осими Орифпур, Мастона Муҳиддилозода, Мафтуна Шукурова, Нуъмон Раҷабзода, Сайфулло Махкамов, Қудратулло Раҳматуллоев посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh