ТАҶРИБАИ ИБРАТБАХШ, СИФАТ ДАР РАҚОБАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

ҶДММ «Ҷавонӣ» самараи даврони Истиқлолият мебошад. Ин корхонаи азим соли 1992 дар асоси сармоягузории хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст.

Имрӯз он яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Алҳол беш аз 800 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва тамоми шароити будубоши фаъолият таъмин гардидаанд. Боиси зикр аст, ки моҳи майи соли 1994 дар расмикушоди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, изҳори боварӣ намуда буданд, ки таъсиси чунин корхонаҳо мактаби таҷриба мешавад, дар пешрафти иқтисоди миллӣ тақвият мебахшад.

Дар ин раванд татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳамгироии саноати кишвар ба сохтори саноати ҷаҳонӣ, суръатбахшии силсилаи навовариҳои технологӣ, пайдо ва устувор намудани мавқеи саноати Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Бо мақсади боз ҳам тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб меёбад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эълон гардид.

- Ин иқдоми хирадмандона шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорони кишвар ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Ташаббусу иқдомҳои ғамхоронаи Пешвои миллат асоси ҳавасмандию рӯҳбаландии мо - соҳибкорони ҷумҳурӣ дар самти тараққӣ додани истеҳсолоти маҳаллӣ мебошад, – изҳор дошт зимни суҳбат директори генералии ҶДММ «Ҷавонӣ» Иброҳимҷон Fафуров, - амалӣ шудани ислоҳоти соҳаи саноат беҳтарин имкониятест, ки дар доираи он мушкилоти ҷойдошта дар ин самти соҳа бартараф ва чораҳои натиҷабахш роҳандозӣ мегарданд.

Алалхусус, тибқи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2017 то инҷониб таҳвили нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ барои коркард аз пардохти андози фурӯш 10 фоиз озод гардидааст, ки ин омил низ барои пешрафти коркарди нахи пахта дар дохили кишвар басо манфиатовар буда, истеҳсоли риштаи пахтагӣ бамаротиб афзуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб дар саноати сабук мебошад.

Мавсуф оид ба фаъолияти коргоҳ ҳарф зада, зикр дошт, ки ҳадафи асосии коргоҳ коркарди ниҳоии нахи пахта бо технологияҳои замонавӣ, истеҳсол ва фурӯши риштаҳои пахтагин, матоъҳо ва тамоми намуди шимҳову нимшима ва доман (мардона, бачагона ва юбкаҳо) мебошад.

Алҳол дар ҶДММ «Ҷавонӣ» сехҳои истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ (коркарди матоъ, рангкунӣ) амал менамоянд, ки таҷҳизоту технологияи он пурра аз давлатҳои Аврупо харидориву насб гардидааст. Хадамоти ёрирасон - минтақаҳои нақлиёт, ҳаводиҳӣ, буғдиҳӣ, шуъбаи энергетика, инчунин баҳри муҳайё сохтани шароити иҷтимоии коргарон, аз ҷумла, бо хӯроки гарм, бунгоҳи тиббӣ дар фаъолияти шабонарӯзинанд. Мавриди зикр аст, ки дар як сол наздик ба 1,4 миллион дона маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоизи таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад.

-Аз ҳисоби пурзӯр гардидани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ кӯшиш менамоем, ки ҳар сол намуди матоъ ва маҳсулоти дӯхтаро иваз намоем. Айни ҳол 60 намуд маҳсулоти тайёр истеҳсол мегарданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти дӯхтаро асосан мамлакатҳое, ки дар он соҳаи саноати сабук тараққӣ кардааст, монанди Хитой, Бангладеш, Шриланка, Покистон ва Вйетнам ба фурӯш мебароранд.

Арзиши аслии маҳсулоти дар ин давлатҳо истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоти мо паст мебошад. Аз ин сабаб онҳо ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти худро бо нархҳои арзон пешниҳод карда метавонанд. Сабаби дигар он аст, ки бозори ҷаҳонӣ сифати баланди маҳсулотро талаб мекунад, дар ин раванд мо нисбат ба ин мамлакатҳои номбаршуда аз ҷиҳати истеҳсолоти босифат камбудӣ надорем. Ин аст, ки Президенти ширкати «CAҚҚӮҚA» - муассис аз давлати Италия Имерио Такелла ҳар гоҳе ки аз фаъолияти коргоҳ дидан мекунад, бо ифтихори бузург мегӯяд: «Аз таҷриба ба чунин хулоса омадем, ки тоҷикон дорои ақлу заковат ва зеҳни нодиранд ва қудрат доранд, дар оянда низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо ҳамкасбони худ ҳамкорӣ кунанд».

Инчунин, дар маркази вилоят ва шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавӣ ташкил шудааст, ки меҳмонону сокинони кишвар аз маҳсулоти ин коргоҳ харидорӣ карда метавонанд.

Ба таври дигар гӯем, фаъолияти дилсӯзона ва софдилонаи мардуми тоҷик ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар рақобат бо маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ тобовар фармоишгаронро, қабл аз ҳама, аз давлатҳои Аврупо водор менамояд, ки ба масоили ҳамкориву сармоягузорӣ эътибори зарурӣ диҳанд.

Хушбахтона, фармоишгарон дар асоси хоҳиш ва дархосташон аз коргоҳи «Ҷавонӣ» маҳсулоте ба даст меоранд, ки воқеан мутобиқ ба талаботи давру замон харидоргир ва босифат аст.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 нишондиҳандаҳои фаъолияти коргоҳ боз ҳам беҳтар гардида, истеҳсолот ба беш аз 66 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235 фоиз зиёд мебошад.

Барои мунтазам фаъолият намудани корхона ашёи хом аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров дастрас мегардад. Бо мақсади боз ҳам хубтар фаъолият намудан роҳбарияти корхона пайваста дар андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои наву муосири технологии истеҳсолот мебошад. Яъне ҷустуҷӯи роҳҳои нави истеҳсолот ва натанҳо ҳамқадами замон будан, балки аз он пеш рафтан, ҳадафи асосии роҳбарият ва масъулини ҶДММ «Ҷавонӣ» маҳсуб меёбад.

Дар асоси омӯхтани талаботи фармоишгарон ва харидорони маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ ба истеҳсоли намудҳои мухталифи шимҳои мардона, занона ва бачагона корбарӣ шуда истодааст.

Ҳамчунин, соли равон бо назардошти вазъияти бамиёномадаи пандемия, яъне дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштани COVID-19 коргоҳ дӯхтани ниқобҳои муҳофизатии босифати бисёркаратаро ба роҳ монд. Дар 6 моҳи соли равон 2 миллиону 177 ҳазор дона ниқоб истеҳсол намуда, ба давлати Италия содирот карда шуд.

Ба таври дигар, роҳбарияти коргоҳ ва мутахассисон ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави истеҳсолот ва омӯзиши талаботи бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки ин ҳама барои ягон дақиқа аз фаъолият бознамондани корхона мусоидат менамоянд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои таъмин кардан бо ҷойи кор пешрафти истеҳсолоти дӯзандагӣ ниҳоят муҳим мебошад. Чунки агар барои истеҳсол намудани 1,5 миллион маҳсулот дар истеҳсолоти ресандагӣ 90 нафар ва дар истеҳсолоти бофандагӣ 70 нафар фаъолият намоянд, маҳсулоте, ки ин истеҳсолотҳо дар намуди ресмону матоъ истеҳсол мекунанд, барои аз ин миқдор матоъ дӯхтани либос мо бояд зиёда аз 350 нафар дӯзандаро ба кор таъмин намоем, ки минбаъд низ ин нақшаҳо амалӣ хоҳанд гашт, - мегӯяд сарвари коргоҳ И.Ғафуров.

Роҳбарияти коргоҳ изҳор доштанд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Раиси вилоят боз ҳам барои рушди соҳаи саноати сабук ва дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар мусоидат менамоянд. Бояд афзуд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пайваста аз коргоҳи мо боздид ба амал оварда, бобати ҳалли муаммоҳои соҳавӣ, боз ҳам беҳтар кардани шароити корӣ, алалхусус дар вазъияти баамаломадаи пандемия пешгириву ҳифзи саломатии кормандон аз ин беморӣ супоришҳои саривақтӣ медиҳанд.

Дар навбати худ саноатчиёни вилоят дар партави ин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят уҳдадорӣ гирифтаанд, ки дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва суръатбахшии истеҳсолот, инчунин пешбурди ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гарданд.

 Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh