Беҳбудӣ назаррас аст

Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон ба хабарнигорони васоити ахбори умум маълумот дод. Дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз сад фоиз иҷро шуда, ба буҷети маҳаллӣ иловатан 92 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободонии маҳал масраф мешавад.

Суръати афзоиш дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 91,3 дарсадро ташкил медиҳад. Маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 2 миллиону 932,2 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин соли гузашта 91,8 фоиз аст.

Дар шаҳр 8 лоиҳаи инвеститсионӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 4 адади он фаъолият доранд. Дар даври ҳисоботӣ 27,7 ҳазор сомонӣ сармояи хориҷӣ, 11 миллиону 777 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ва 517 ҳазор сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст.

Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳангу варзиш муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуда, имрӯз таваҷҷуҳи масъулин ба он равона гардидааст, ки дастовардҳоро дар ҳама самт дучанд намоянд. Дар ин давр барои пешгирӣ ва захираи маводи безараркунанда 38 ҳазору 900 сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо ва либосҳои муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ захира шудаанд.

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки аз рӯи нақша 100 адад аст, 67 иншоот ба истифода дода шуда, соли равон 20 адад, аз ҷумла нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ, маишӣ бунёд гардида, биноҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзишӣ аз таъмир баромаданд. Корҳо дар самти бунёд ва таъмири иншооти дигар, роҳҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист дар радифи амалҳои созандагӣ идома доранд.

Дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар даври мазкур 32 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8 адад зиёд аст. Дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта шумораи ҷиноят байни ноболиғон бетағйир боқӣ мемонад, ки як ададро нишон медиҳад.

– Ин масъала моро водор месозад, ки корҳои таблиғотӣ, баргузории чорабиниҳоро аз лиҳози мазмуну мундариҷа боз ҳам беҳтар ба роҳ монем, то пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад, – посух гуфт раиси шаҳр.

Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ба он ғолиб омад, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар даври ҳисоботӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарнигорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти имрӯзу фардои шаҳр суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh