Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 112 миллион сомонӣ

- Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ин давра нақша 34 миллиону 295,7 ҳазор сомонӣ буда, дар асл 34 миллиону 295, 8 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, - изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода.

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба маблағи 4 миллиону 176,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, он 7 миллиону 970,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 190, 8 фоизро ташкил менамояд. Ҳамчунин, аз 11 намуди андози ба ноҳия тааллуқдошта 9 намудаш иҷро нагардидааст.

Ҳамзамон, мавсуф ба соҳаи саноат таваҷҷуҳ намуда, изҳор кард, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 112 миллиону 72,2 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 24 миллиону 357,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, ки он 127,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар миқёси ноҳия 91 миллиону 666 ҳазор КВТ соат қувваи барқро ба истифода дода, маблағи онро ба 18 миллиону 629 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд, ки он 100,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки қарзи қувваи барқ ба санаи 1-ум июли соли 2020 ба маблағи 18 миллиону 133, 3 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 463,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода ҳамзамон оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат, рушди инфрасохтори нақлиёт ва алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ фикру андешаҳои худро баён намуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Дар нимсолаи авали соли 2020 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 1969 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 865 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 396 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шуданд.

Ҳамчунин, барои бо ҷои кори доимӣ ва ҳам мувофиқ таъмин намудани аҳолӣ дар ноҳия се маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил шуд. Дар ин ярмарка 79 нафар шаҳрванд барои касбомӯзӣ ҷалб гардида, 25 нафар ба кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар охир рӯзноманигорон оид ба таъмини ноҳия бо оби нӯшокӣ ва ҳам полезӣ, вазъи сиҳатии омма, чораҷӯиҳои ноҳия оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh