Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом

27 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ раванди корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №38-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори маҳаллӣ Турдимат Набиев ва фарзандонаш тасмим гирифтанд, ки барои хонандагони мактаб синфхонаҳои нави иловагиро бунёд намуда, бо ин роҳ дар ободонии маҳал саҳм гузоранд.

Бинои муассисаи таълимӣ дорои 11 синфхона буда, барои таҳсили 264 хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро шоистаи пайравӣ унвон карда, барои иҷрои пурраи корҳо ба масъулин тавсияҳо дод. Қайд карда шуд, ки бинои таълимӣ то 1-уми сентябри соли равон омода гардида, барои истифодаи хонандагон супорида мешавад.

Сипас, Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замине, ки дар тавозуни муассиса аст, ошно шуд. Заминҳои ёрирасон самаранок истифода гардида, дар қитъаҳои гуногун зироатҳои кишоварзӣ кишту парвариш мегардад.

Раиси вилоят дар идомаи сафар дар гимназияи рақами яки шаҳр дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ширкат варзид. Майдончаи варзишӣ бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории кумитаи падару модарон бунёд гардидааст. Барои корҳои сохтмонӣ ва харидории лавозимоти зарурӣ 398 000 сомонӣ сарф шуда, барои хонандагон имконият фароҳам оварда шуд, ки бештар ба варзиш машғул гарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат дар ҳузури наврасону ҷавонон иброз дошт, ки бо дастгирии роҳбарияти мамлакат ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, барои тарбияи ҷисмонии насли ояндасоз шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh