Машварати кории Раҷаббой Аҳмадзода бо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тули чанд рӯз бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд.

Зимни вохӯриҳо вакилон оид ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самраноки заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқололӣ, ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардида, таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардиданд, бо интихобкунандагон суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки гуруҳи калони аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июл то 3 августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh