Фермаи шир: назаре ба гузашта, нигоҳе ба имрӯз, истиқболе ба дурнамо

Аз маркази Ҷамоати деҳоти Ғозиён гузашта, ба воситаи ағбачаи теппакӯҳи Рухак, тавассути роҳи мошингард ба мавзеи Қотма расидем ва гузаргоҳи роҳи оҳанро паси сар карда,ба фермаи ширии моли калони шохдор, ки ба Кооперативи истеҳсолии Хоҷагии ҷамоавии ба номи Пӯлод Бобокалонов дар гузашта тааллуқ дошт, омада қарор гирифтем. Ин роҳ саҳл кам панҷ километр масофа аст. Аз мавзеи минтақаи якуми хоҷагӣ то ба ин ҷо омадан нигоҳҳоямон ба манзараҳои роҳу гирду атроф бархӯрда, эҳсос намудем: дасти одам гул, меҳру муҳаббаташ офарандаи зебоӣ, созандагӣ, ободкориву сабзкорӣ буда, бо ҳиммату заковаташ табиати чашмбар бунёд месозад, он ҳама аз зиндагӣ, ҳаёту рӯзгори нурбор дар замони имрӯз башорат медиҳанд.

Фермаи ширии хоҷагӣ имрӯз нафаси дигар мекашад, аҳли заҳмати он кору пайкори нав доранд, чаро ки ҳаёти ҷомеаи муосир навгониву таҷдиду эҳё ва бозтобиҳои бештареро ба майдони фаъолият, парвозгоҳи орзуву ормонҳо овардааст. Андар масири навкориҳо, ташаббусҳо ва иқдомҳои замонавӣ дар мизони қиёс, муқоиса ва бардоштҳо аз гузашта воҷиб аст, то манзараву натиҷаву дастовардҳо равшан зуҳур ёбанд. Аз сабзиши ҳосили меҳнат ва кору заҳмат сарсабзию рӯсурхии фардои халқу Ватан равшан падид меоянд ва умеду орзуву ормони инсон шукуфон мегардад. Дар ин росто ба роҳи фаъолият, нақши пуробуранги аҳли меҳнату мутахассисони фермаи ширӣ назар карда, эҳсос мебардорем: фермаи мазкур ҳанӯз соли ҳазору нӯҳсаду сию ду ташкил ёфта буд. Солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар самти фермаи моли калони шохдор фаъолият бурд. Ҳамон солҳо дар ферма молҳои ҷойдорӣ, яъне зоти маҳаллӣ парвариш меёфтанд, ки шумораашон аз чил - панҷоҳ сар беш набуд ва ферма дар минтақаи якуми хоҷагӣ ҷойгир шуда буд. Ва барои пешрафти кори ферма, афзун гардонидани истеҳсоли шир, хушзот гардонидани чорвои ширдеҳ ва зиёдшавии саршумор тадбирҳои саривақтӣ андешиданро масъулон меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, натиҷаҳоро таҳким мебахшиданд. Чорводорӣ ба ҷабҳаи зарбдор табдил ёфта, дар ин соҳа навгониҳои технологӣ ворид шуда буданд. Аз солҳои шастум дар ферма парвариши чорвои зоти сиёҳало, ки маҳсулнокиаш баланд буд, ба роҳ монда шуд. Он замон хоҷагӣ дусад – дусаду панҷоҳ сар моли калони шохдор, яъне ширдеҳ дошт. Барои бо қоидаҳои зооветеринарӣ нигоҳубин намудани моли калони шохдор дар хоҷагӣ мудирони ферма (давра ба давра) ва мутахассисону кормандони соҳа, молбонҳо, говҷӯшҳо саҳми муносиб гузоштаанд. Аз ҷумла сармолдухтуру сарзоотехник бемуҳобот нисфи зиёди умри пурбаракати худро барои парвариши моли хоҷагӣ сарф кардаанд, ки имрӯзиён аз онҳо ёдовар мешаванд.

Аз сабаби он ки сол аз сол саршумори моли зотӣ афзуд, дар минтақаи Қотма ташкил намудани фермаи замонавӣ бо таҷҳизоту технологияи нав зарурат омад. Биноан, охири солҳои шастум Муассисаи сохтмонии байнихоҷагии ноҳияи дар гузашта Хуҷанд – имрӯз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як муддати кӯтоҳ фермаи шириро барои чаҳорсад сар моли ширдеҳ дар минтақаи Қотмаи хоҷагӣ бунёд карда, ба истифода дод. Ҳамин тавр, солҳои ҳазору нӯҳсаду шасту ҳашт - ҳафтодум фермаи ширӣ – молӣ дар ин мавзеъ бо технологияву таҷҳизоти ҳамон айём, мутобиқ ба қоидаҳои зооветеринарӣ бо тамоми иқтидору қудраташ ба кор ҷараён бахшид. Истеҳсолу боздеҳи маҳсулоти моли калони шохдор сол аз сол зиёд шуд. Соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду нӯҳ аз панҷсад сар гови ширдеҳ 1679,3 тонна шир дӯшида шуд, ки аз ҳар як сар 3359 килограммиро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаи истеҳсолӣ дар миқёси ноҳия ва вилоят баландтарин ҳисобида мешуд.

Ферма, ки ба раванди ширӣ – молӣ молик буд, наслгирӣ низ ба сатҳи нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ворид гардид, яъне соли ҳазору нӯҳсаду наваду як аз сад сар гови наслдеҳ навадуяксарӣ гӯсола гирифтан муяссар шуд. Ин рақам низ дар миқёси вилоят ибратпазир буд.

Ҳаёт пеш меравад, ферма ва мутахассисони он, аз коргари оддӣ сар карда то мудиру сарзоотехник ҳамқадами замон гардида, бо заҳмату рисолаташон дар ҳаёти иҷтимоӣ мавқеъ гирифтанд, доираи корашон намунавӣ гардид. – Чорводорӣ касби хуб аст, мегӯянд, ки аз гузаштагон мерос мондааст, - гуфта кору пайкорашонро намунавӣ карданд. Занҳои меҳнатқарини говҷӯш аз ҳар як сар гови ширдеҳи вобасташуда сеҳазору дусад-сеҳазору панҷсад килограммӣ шир дӯшиданд. Ва фермаи ширӣ – молӣ ҳамчун фермаи зотпарварӣ бо намуд ва навъи сиёҳ-ало дар қаламрави ноҳия ва вилоят низ намунавӣ дониста шуд. Солҳои ҳаштодум аз ин ферма ба дигар хоҷагиҳои ноҳия ва вилоят гӯсола ва ғуноҷинҳои хушзоти сиёҳ - ало, ки дараҷаи элита ва элитарекорд маҳсуб меёфт, фурӯхта мешуд. Яъне, дигарон ҳам баҳрабардор мегардиданд.

Мутахассисони соҳаи чорвои хоҷагӣ нигоҳи эътиборашонро ба ҷараёни навкориҳо дӯхтанд: солҳои минбаъда, аниқтараш, соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду панҷ чанд тан аз масъулин баҳри боз ҳам баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва кам кардани арзиши аслии маҳсулоти говҳои ширдеҳ дар фермаҳои вилояти Москваи Федератсияи Россия бо шароиту имкониятҳои пудрати коллективӣ шинос шуда, таҷриба омӯхта, дар татбиқи амалии он дар шароити маҳал ҷаҳду ғайрат карданд. Ниҳоят ин таҷриба дар фермаи ширӣ – молии хоҷагӣ ҷорӣ карда шуд: фоидаоварии чорво дар фермаи ширӣ – молии мавзеи Қотма ба дараҷаи баланд расид. Солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду панҷ – навадум дар ферма тақрибан ҳафтод нафар кор мекарданд ва дар ин ҷо беш аз ҳазор сар моли калони шохдор парвариш карда мешуд, аз он ҷумла панҷсад – панҷсаду даҳ сар гови ширдеҳ буд. Аз ҳисоби нигоҳубини хуб ва аз рӯи меъёри хӯрока парвариш кардани чорво, заҳмати шабонарӯзии молбонҳо, ҷорӣ намудани дастовардҳои илми кишоварзӣ ба истеҳсолот, муносибати ғамхорона ба чорво ферма номдор гардида, маҷрои кори чорвопарварӣ ранги дигар гирифт. Бар замми ин аз ҳисоби ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва дар онҳо кишту парвариш намудани зироатҳои хӯроки чорво - юнучқаву ҷуворимакка барои силос, дигар емвориҳои серғизо истеҳсоли шир аз ҳар сар чорвои ширдеҳ пайваста афзуд, равғаннокии шир, серқаймоқии он дараҷаи баланди сифатро устувор гардонид. Ферма, ки кори аҳлонаи ҳамаро – аз мудири ферма, сарзоотехнику сармолдухтур, иқтисодчӣ, сармеханик сар карда, то говҷӯшону молбонҳоро ташкил менамуд, бо гузашти айём самароварӣ карда, хароҷоти кардаро марҳала ба марҳала мепӯшонд. Миёни заҳматкашони ферма, ки ин касби пуршараф ва авлодиро интихобкарда, аз собиқадорон таҷрибагирифта бисёр буданд. Аз ҷумла сарзоотехник Абдуҷалил Холматов – писараш Даврон Холматов, молдухтури хоҷагӣ Раҳматҷон Юнусов – наберааш Ҳакимҷон Раҳматов роҳи пуршарафи чорводорони ин мутахассисони ботаҷрибаро идома бахшидаанд. Барои мутахассисони ҷавони чорвопарвар кунун, фурсате фароҳам омадаву шароит даст дода буд, ки дониши худро дар амал бисанҷанд, орзуву умед ва ормони хешро дар шароити амалӣ бубинанд.

Воқеан, фермаи шир, фермаи ширӣ – молӣ ин истеҳсолот аст, он ба раванди корхонаҳои истеҳсолӣ пайванд буда, ба коргоҳи истеҳсолии маводи хӯрокаву ғизоӣ таҳким мебахшанд. Кормандони ферма ба манфиати умум заҳмат мекашанд, моли хушзотро хубу мувофиқи матлаб парвариш карда, ба истеҳсоли шир, вазнафзункунии шабонарӯзии гӯсолаҳо замина мегузоранд. Алалхусус ҳамон айём вазнафзункунии шабонарӯзии гӯсолаҳо аз чорсад – панҷсад граммӣ то ба ҳафтсад граммӣ расонида шуда буд. Нишондиҳанда мавриди таваҷҷуҳ ва таҷрибаи ибратбахш сазовори дастгириву омӯзиш қарор гирифта, барои расидан ба мақсадҳои неку наҷиб корбарӣ дар маҷрои нав қарор дошт. Фермаи шир баҳри ободиву сабзу хуррамгардии атрофи мавзеъ асос гузошт, чоҳи амудӣ оби ҷонбахшро аз қаъри замин берун овард, сарсабз гардонидани минтақаҳои зардпӯш имкон пазируфт. Сарҳисоби корро ёфтан осон шуд.

Мегӯянд, ки факт ҳама вақт факт мемонад: солҳои ҳазору нӯҳсаду наваду се – наваду нӯҳ дар фермаи шир истеҳсоли маҳсулот кам шуд. Сабабашро дар кам будани захираи ему хошокиҳо донистанд. Таҷриба ва кору пайкори чорводорӣ аён месозад, ки чорво, махсусан, моли зоти сиёҳ-ало бе емвории басанда, бе хӯрокиҳои пурқувват дар як муддати кӯтоҳтарин харобу лоғар мешавад, талаф меёбад.

Бо гузашти вақт дар фермаи шир чунин мутахассисони варзида кору меҳнати ибратпазир намудаанд, ки имрӯз ёдовар шудан аз ғайрату суботи онҳо, аз кору пайкори онҳо амали савобу арҷгузорӣ мебошад: дарозои солҳо дар фермаи моли калони шохдор мудирони ферма Раҷаббой Дадобоев, Абдуллоҷон Бобоҷонов Усмонбой Бобоев, Мирзоҷӯра Рауфов, Иброҳимҷон Қобилов, Ҳалимбой Саидов, Акрамбой Оқилов, Абдурауф Сатторов, Даврон Холматов бо ҷаҳду азму субот кор кардаанд. Кору пайкори онҳоро ба сифати мудирӣ Аюбҷон Қосимов, Абдурауф Пӯлодов, Анварҷон Қосимов идомабахш гардидаанд. Сармолдухтур Раҳимхӯҷа Гадойхӯҷаев, сарзоотехник Абдуазиз Сатторов дар солҳои гузашта баҳри устувор фаъолият бурдани фермаи шир басо азму ғайрату бурдборӣ нишон додаанд, ки имрӯз ҷаҳду талошҳои онҳо намуна арзёбӣ мешавад. Говҷӯшҳои номдору пешсафи он давр – Наҷминисо Ҷалолова, Гулан Оразбоева, Тоҷинисо Ёқубова ҳамеша дар истиқболи субҳи босафои заҳмат буданд, чароғи маҳсули фермаро – шири сафеди нерӯбахшро ба боғистони ҳақиқии ҳаёти саодатбор дар чалакҳои азим боз ҳам азимтар мегардониданд. Раванди ширҷӯшии мошиниро пеш мебурданд. Ба қисмати минбаъдаи чорводорӣ ҳама худро масъул ва уҳдадор меҳисобиданд.

Пайваста аз соли дуҳазору як ва дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси вилоят «Оиди барқарор намудани саршумори чорвои ҷамъиятӣ, беҳтар намудани кори зотпарварӣ ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ барои солҳои 2001 -2005» дар хоҷагии мазкур «Барномаи соҳавӣ» дар ин муддат таҳия шуда, самараи нек ба бор овард. Ҳамон айём говҷӯши заҳматписанд Тоҷинисо Ёқубова ташаббус нишон дода, маҳсулнокии гови ширдеҳро ба 3440 килограммӣ расонд, ки натиҷаи баландтарин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Ин зани ғайратманд соли дуҳазору панҷум маҳсулнокии ҳар сар чорвои ширдеҳро ба 4151 килограммӣ расонд ва сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи Суфро Боқиева гардид.

Ҳамин тавр, соҳаи чорводорӣ дар хоҷагӣ сол аз сол пешрав шуд, истеҳсоли шир аз ҳар сар чорвои маҳсулдеҳ афзуд, марҳала ба марҳала дастовардҳои пешина барқарор гардиданд. Говҷӯшҳои соҳибзавқу соҳибмалака Латофат Абдуллоева, Малоҳат Отаева, Саиднисо Абдуллоева ба комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ мушарраф гардиданд. Мутахассисону роҳбарони ферма вазифаи касбиашонро содиқонаву дилсофона ба иҷро мерасониданд.

Дар ферма кормандони чорвошинос ва қувваи корӣ дар ҳолати нерӯмандӣ қарор гирифтанд.

Акнун дар амал татбиқ шудани нақшаҳои мукаммал, ки доираи фарох доштанд, ба чорводорон устувориву субот бахшиданд. Албатта, кори чорвопарварӣ, фаъолияти фермаи шир бе каму кост намешавад, вале он ҳамаи муаммои ҷориро сари вақт дидаву эҳсос намуда, роҳи муваффақиятро пеш гирифтан ба мақсад мувофиқ аст. Ва хушбахтиву хурсандии аҳли заҳмати ферма дар он зуҳур биёфт, ки дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширӣ – молии Кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-ро баъди навсозӣ ва таҷдид мавриди истифода қарор доданд, ки санаи 23-юми марти соли дуҳазору бист ҷараён гирифт. Ва ин лаҳзаи саодатбахшу хотирмони таърихӣ дар ҳаёти чорвопарварони ферма нақши мондагор гузошт.

Дар гузашта фермаи шир, имрӯз бо номи Кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» фаъолият мебарад ва он ҳудуди шаш гектарро ташкил медиҳад. Факту рақамҳои кунунии ферма бо ранги дигару нишондиҳандаҳои ҷадид падид омадааст: дар ин ҷо зиёда аз сесаду панҷоҳ сар чорвои калони зоти сиёҳ-алои навъи тоҷикӣ парвариш меёбад. Аз ҷиҳати илмӣ муайян шудааст: аз шумораи умумии моли калони шохдор яксаду бист сар ширдеҳ буда, имрӯз аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Воқеият ин аст: парвариши зоти сиёҳ-алои навъи тоҷикӣ ба шароиту иқлими мавзеи Қотма хеле мутобиқ буда, маҳсулнокии он афзун аст.

Масъулон мегӯянд, ки дар хоҷагӣ ҳамасола бовуҷуди захираи кофии хӯроки чорво 1740 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, барои рушди соҳа заминаи боэътимод мегузорад.

Чунонки ишора намудем, ҳамкории чорводорон бо олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурист. Яъне бо тавсияҳои илмӣ, бо роҳи хушзоткунӣ маҳсулнокии моли калон пайваста фузун мегардад. Шири истеҳсолнамудаи фермаи ширӣ-молии хоҷагӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба ду корхона сари вақт дастрас ва аз он якчанд номгӯй маҳсулоти ширӣ омода мешавад…

Изҳор медоранд кормандони ферма: қисмати аввали шири ферма, яъне ҷӯшидани пагоҳирӯзиро як корхона ва шири бегоҳиро коргоҳи дуюми истеҳсолӣ қабул карда, маҳсулоти ширӣ омода месозанд. Ба кору меҳнати аҳли ферма ҳаваси кас меояд. Дар ин ҷо аҳли заҳмат сару сомонашонро хубтар дармеёбанд. Ва ҳар корро санҷида, нуқсашро ба тезӣ бартараф месозанд.

Воқеан, дар фермаи ширӣ-молӣ аз гузашта диловарони майдони кор сарбаландона кор кардаанд, ки имрӯз ному кору пайкорашон вирди забони ҳамагонанд. Ва дар шароити имрӯза низ пайравону давомдиҳандагони роҳи онҳо кам нестанд, онҳо дар талаботи рӯз қарор доранду дастовардҳоро афзун мегардонанд. Онҳо ҳавои гарму сард намегӯянд, ҷуброни кору меҳнат нагуфта, дар роҳи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои қатъӣ мегузоранд. Ҳар лаҳзаи вақту соати онҳо дар ҳисоб буда, дар самти манофеи ҷомеа ҳадафманд аст.

Натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ, таҷдиди хоҷагиҳо ва масъулият дар ҳар паҳлуи кор, хулоса, дар ҳоли ҳозир аниқу равшан зуҳур дорад. Мо манзараи азму суботро бо ҳусни зиёдаш бидидему ба аҳли кори фермаи шир барору баракат таманно намудем.

Усмон Саид,

иқтисодчии собиқадор,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh