Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен рӯзи 2 август рафти корҳои сохтмониро дар корхонаи коркарди шир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар бунёд гардида истодааст.

Ҳангоми шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати Шири Душанбе” сохта шуда истодааст.

Маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят бунёди корхонаро дар ноҳия ба манфиати кор арзёбӣ карда, иброз дошт, ки барои ба роҳ мондани истеҳсолот ашёи хом фаровон аст. Дар оянда барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда имкониятҳо басанда аст.

Ёдовар бояд шуд, ки пас аз ба истифода дода шудани корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати Шири Душанбе” 50 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh