ЗАХИРАИ БЕШТАРИ МАҲСУЛОТ - МУСОИДАТ ДАР РӮЗГОРИ АҲОЛӢ

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамҷоягӣ бо идораҳои марбута ва зерсохторҳои шаҳру ноҳиявӣ фаъолияти худро равона намуда, дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Бо мақсади бештар захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсоли ватанӣ ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи сардхонаҳо, инчунин бунёди сардхонаҳои ҳозиразамон ва дар ин замина таъмини иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2019» дар ҳамбастагӣ бо соҳибмулкони сардхонаҳо корбарӣ гардид.

Бино ба иттилои мутахассиси пешбари Сарраёсати киоварзии вилоят Мухторҷон Тоҷиев, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 сардхона фаъолият дошта, ғунҷоиши онҳо аз 40 то 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Баҳри истифодаи иқтидорҳои сардхонаҳо, захираи ҳарчи бештари маҳсулот ва мусоидат дар таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти тару тоза дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои муайянро ба сомон расонида, тибқи маълумоти фаврӣ, то санаи 1 - уми январи соли 2020 барои мавсими зимистону аввали баҳори солҳои 2019 - 2020 ҳамагӣ 2013 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардида, ба санаи мазкур, мутаасифона, танҳо 25,2 фоиз иқтидори захиравии вилоят истифода гардидаасту халос.

Ҳамагӣ дар вилоят ба санаи мазкур 617 тонна себ, 1120 тонна ангур, 21 тонна хурмо, 40 тонна биҳӣ ва 215 тонна дигар намуди маҳсулот захира гардида, давра ба давра ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод шуд. Айни ҳол барои захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои вилоят омодагӣ рафта истодааст, - гуфт Мухторҷон Тоҷиев.

Ин омил дар давраи зимистон низ дастрасӣ ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, ин захираҳо имкон медиҳанд, ки то давраи баҳор ва марҳалаи минбаъда бозор низ таъмин шавад. Дар шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории картошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода мешаванд. Дар ин гуна анборҳо таркибу сифати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешаванд.

Дар ноҳияи Шаҳристон барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Дар бунёди ин гуна сардхона талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ҷорӣ шуданд.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Бино ба гуфти Иброҳим Мутуллозода - сардори Иттифоқи ҷамъиятҳои матбуоти вилоят, Ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бо маблағгузории мутамаркази Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва инчунин бо нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишуда дар сардхонаҳо маҳсулоти кишоварзӣ захира намуда истодаем. Мо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамоем, барои мо имконият дод, ки маҳсулоти кишоварзиро арзон ва инчунин босифат захира намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ мусоидат намоем.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира шаванд.

Бино ба иттилои масъулини муассисаи давлатӣ, сардхонаро дар се марҳала истифода мебаранд. Алҳол барои давраи зимистон нигоҳдории меваю сабзавотро барои ҳам хуб нигоҳ доштан ва бозори дохилиро таъмин намудан бо меваҳои тару тоза истифода бурда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи зимистон бозорро бо меваҳои тару тоза таъмин намоянд.

Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки бар зами он ки имрӯз захира зиёд аст, сифати маҳсулот низ хуб нигоҳ дошта шудааст. Онҳо метавонанд, то моҳҳои апрел хусусияҳои худро нигоҳ доранд.

Дар вилоят ҳоло як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки нигоҳдории ҳаҷми калони маҳсулот ва содироти меваю сабзавотро пешбинӣ менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh