РУШДИ САНОАТ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ ИҚТИСОДИСТ

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози саноатӣ рушдёфтаи мамлакат маҳсуб ёфта, мавриди истифода қарор гирифтани чандин корхонаҳои муштарак аз он дарак медиҳад, ки ҳаҷми содироти маҳсулот сол то сол тамоюли афзуншавӣ дошта, фарогири кишварҳои зиёди хориҷи дуру наздик мебошад. Мусоидат ба татбиқи сиёсати берунии иқтисодии давлат, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот яке аз самтҳои соҳаи саноат арзёбӣ мегардад.

Ба истиқболи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ идома доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз Паёмҳои худ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда буданд. Ин пешниҳод аз ҷониби мардуми шарифи мамлакат якдилона пазироӣ шуда, расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва дар ин замина дар шаҳру навоҳии вилоят корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз баробари шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат дар шаҳри Бӯстон низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ тадбирҳои зиёд ба роҳ монда мешаванд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон гардидани саноатикунонии кишварро чун ҳадафи чоруми миллӣ аз ҷониби Президенти мамлакат омили таҳкиму рушди соҳаи саноати ҷумҳурӣ дониста, дар ин росто ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар соҳоти мухталифи шаҳр дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд ва саноатчиёни шаҳр бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда дар сатҳи нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат, рушди соҳа ва истиқболи пешбурди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд. Сарвари давлат бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода буданд, ки корхона метавонад, дар як моҳ то 600 тонна металлро коркард ва беш аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатти истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ мебахшад. Бояд гуфт, ки корхонаи ҶДММ «Тоҷфилиз» моҳи феврали соли 2019 таъсис дода шуда, самти фаъолияти он коркарди металл ва истеҳсоли мех, мехи печон мебошад. Дар суҳбат роҳбари корхона Ҷамшед Байзоев зикр намуда буд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 60 - 70 тонна металл аст. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд. Корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди ба кор даромадан дар ин корхона 70 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи он барои қонеъсозии бозори дохилӣ нигаронида шудааст. Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Алҳол дар корхонаи нав 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, ба иттилои масъулин, онҳо музди меҳнати хуб мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини он дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

–Баъди ба истифода додани коргоҳ то имрӯз 323,4 тонна маҳсулот истеҳсол гардид, ки 3624,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 2710,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, –гуфт дар суҳбат сарвари корхона Ҷамшед Байзоев.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд. Бинобар ин, айни замон Ҳукумати кишвар фаъолиятро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Вобаста ба ин дар назар дошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад.

Гузаштан ба шакли саноатӣ - аграрӣ боиси зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпояи саноатӣ гардида, барои боз ҳам баланд шудани шароити некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. Саноатикунонӣ аввалан боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ мегардад, бекориро коҳиш дода, сафи муҳоҷирони меҳнатиро хеле ва хеле кам менамояд. Вақте мо корхонаҳои саноатии худро бунёд месозем, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ аз байн меравад.

– Фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ аст, ки марҳала ба марҳала теъдоди корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр меафзояд, – гуфт мудири бахши иқтисод ва саноати шаҳр Хуршед Тоҷиев.

Ногуфта намонад, ки саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ба рушди деҳот, зисту зиндагии бошандагони он низ таъсири мусбат мерасонад. Дар вақти сохтмони корхонаҳои саноатӣ манбаи ашёи хом, қувваи коргарӣ ва дигар имкониятҳо ба назари эътибор гирифта мешаванд.

Ҳадафи чорум бо ҳадафҳои дигари миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии кишвар вобастагии калон дорад. Як чизро дар хотир бояд дошт, ки дар саноаткунонии босуръати кишвар ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва Ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh