Иқдоми ҷиддӣ дар татбиқи ҳадафи миллӣ

Дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи якуми таъсисии Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят ва масъулини соҳа иштирок доштанд.

Қабл аз оғози ҷаласа дар толори Кохи фарҳанги  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноати сабуки вилоят баргузор шуд. Дар ин намоиш корхонаҳои ҶДММ «Сатн», «Ҷавонӣ», «Ҳусния Б», «Ноҳид», «Нассоҷи Хуҷанд», корхонаи дӯзандагии «Амир», «Олимҷони Хуҷандӣ» ва «Наргис» маҳсулоти хешро ба маъраз гузоштанд.

Раиси вилоят зимни ошноӣ бо маҳсулоти ба намоиш пешниҳод намудаи корхонаҳои миқёси вилоят ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки корхонаҳои хурду бузург ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи харидорон ва саҳҳомони дохиливу хориҷӣ кишвар пеш аз ҳама ба сифати маҳсулот эътибор дода, бояд онро ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ созанд. 

Сипас ҷаласаи якуми таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд ба кори худ оғоз бахшид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш ҳадафи аслии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоятро мусоидат ба рушди саноати сабук дар кишвар арзёбӣ карда,  сарҷамъ шудан ва дастгирии ҳамдигарии соҳибкоронро  заминаи мустаҳкаме ҷиҳати амалӣ намудани  стратегияи чоруми миллӣ- саноатикунонии босурати кишвар арзёбӣ кард.

Қайд шуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии            Тоҷикистон дар ин росто тадбирҳои судманд амалӣ мешавад. Имрӯз  бо ҳидоятҳои Сарвари давлат пайваста ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.

Раиси вилоят мақсади асосии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабукро сарҷамъ шудан ва сари вақт муаммову мушкилиҳои ба миён омадаро баррасӣ ва  ҳаллу фасл намудан унвон карда, зикр дошт, ки танҳо бо иттиҳод ва дастгирии ҳамдигарӣ метавон ба муваффақиятҳои бештар ноил шуд.

Имрӯз вилояти Суғд иқтидори коркарди сиюҳашт ҳазору панҷсад тонна пахтаро дорад. Ва ин имконият ва иқтидорро истифода кардан ба талошҳои пайвастаи соҳибкорон ва ҳамкории онҳо вобаста буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шароит барои кору фаъолият  муҳайё мебошад.

Ҷалби сармоягузорон, истифодаи имкониятҳои дохили кишвар, ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги кишвар имкон фароҳам меорад, ки ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва вазъи иҷтимоии ҷомеа беҳтар шавад.

Зимни суҳбати ошкорову судманд, роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят низ арз доштанд, ки таъсиси чунин як иттифоқ имкон медиҳад, фаъолияти корхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шуда, хамкориҳои ширкатҳо бештар гардад. Аз ҷумла Саидраҳмон Хидиров роҳбарии ҶСК «Сомон Суғд», Илҳом Бобоев роҳбари ҶДММ «Сатн», Мирзоқодир Бақоев роҳбари  «Спитамен текстайл», Маҳмудҷон Зиёбоев роҳбари ҶДММ «Зиннат» ва Даврон Ахмедов роҳбари ҶДММ «Органик Ян»  роҷеъ ба муаммову мушкилот ва роҳҳои            густаришу тақвияти соҳаи саноати сабук дар вилоят ҳарф зада, созмон додани Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоятро амри зарурӣ ва саривақтӣ унвон карданд.

Дар ҷаласа бо пешниҳоди аъзои Иттифоқи корхонаҳои саноати сабук  Даврон Ахмедов раиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят  интихоб гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кори Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят  барор хоста, изҳори боварӣ намуд, ки Иттифоқ дар рушди соҳа саҳми бевоситаи хешро хоҳад гузошт.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh