СОДИРОТИ МЕВАИ ХУШК – ТАҚОЗОИ АЙЁМ

Эмомалӣ Раҳмон: Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Боиси хурсандист, ки алҳол дар аксар шаҳру ноҳияҳои боғдории вилоят корхонаҳои коркарди мева бо саҳми соҳибкорон ва мақомотҳои маҳаллӣ фаъолият мебаранд. Дар шаҳри Конибодом низ ду корхонаи коркарди мева дари худро ба аҳолӣ боз карда, ба ин васила меҳнати пурмашаққати деҳқони асилро барои содирот ва барабас нарафтан дастгирӣ менамоянд. Яке аз он корхонаи коркарди меваи ҶДММ «Меваи Канд» мебошад, ки ҳанӯз соли 2014 бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шуруъ кардааст. Дар рӯзи маросими кушодашавии коргоҳ Пешвои муаззами миллат фаъолияти онро аз назар гузаронида, дар бораи пешравии кор, вусъат бахшидани фаъолият чанд пешниҳоду маслиҳати хешро зикр доштанд.

Ҳоло соли шашум аст, ки коргоҳ, тибқи ҳидояти Сарвари давлат, фаъолият бурда, дар коркарди мева ва содироти он ба берун аз кишвар саҳми арзандаи хешро мегузорад. Тавре сарвари коргоҳ Музаффар Юсуфов изҳор медорад, таъсиси корхона ва дар маросими ифтитоҳи он ширкат варзидани Пешвои маҳбуби миллат барои мо имкон медиҳад, ки боз ҳам бештар ба халқу Ватан хизмат намуда, масоҳати коргоҳ ва номгӯйи фаъолиятро афзун гардонем.

Корхона сол аз сол аз навъи меваҳои гуногун фаровон истифода бурда, коркарди онҳоро замонавӣ ба роҳ мондааст. Содироти мева дар соли 2019 ба миқдори 211 тоннаю 57 кило шуда бошад, дар ҳамин давраи соли равон ба сабаби мушкилоти замон ва баста гардидани роҳҳо танҳо 136 тонна ва ё ба андозаи 795 ҳазору 617 сомонӣ молу маҳсулоти коркардкардашуда содир гардид. Дар нимаи аввали соли 2019 – ум ба миқдори ёздаҳ тоннаю 380 кило меваҳои хушку донакдору бедонак, 44 тонна чормағзи заминӣ ва 25 тонна мағзи чормағзи заминӣ, 22 тонна себи хушк ирсол гардид.

Инчунин, дар ин давра дигар маҳсулоти хӯроквориро низ ба навъҳо ҷудо намуда, тибқи талаботи дар шартномаи тарафайн тасдиқгардида, биринҷ ду тоннаю 300 кило, лимӯ ва мош яктоннагӣ, зирк ду тоннаю 750 кило, бодом 96 кило таъмин кард.

Соли равон ҳам пас аз бастани шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ ба бандубасти мева машғул гардиданд. Дар ин давра дар асоси талаботи мамлакати хориҷ ба миқдори 84 тонна чормағзи заминӣ ва як тоннаю 110 кило мағзи чормағзи заминӣ, 20 тонна зардолуи тар, 650 кило мағзи зардолу, 14 тонна баргак, як тоннаю 650 кило зардолуи хушки донакдор ирсол карда шуд. Ҳамчунин, мардуми Ҷумҳурии Украина аз маҳсулоти кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, ба монанди биринҷ ба миқдори ду тоннаю 120 кило, харбуза 2,5 тонна, сабзӣ 900 кило ва шашсад кило мавизи хушсифат баҳравар гардиданд.

Тавре зикраш рафт, баҳри зиёд намудани номгӯи маҳсулоти коркардкардашуда аҳли коргоҳ бо маслиҳату машварат фаъолият мебаранд. Боре ба хонадони яке аз кормандон аз мамлакати хориҷ меҳмоне ташриф меорад ва аз пазироии мардуми меҳмоннавоз хеле шод гардида, пас аз тановули оши палови баргитокдор хӯрок писандаш омад ва аз тарзи омода сохтани ҳамин навъи палов (меҳмон барги токро дар назар дошт) пурсон шуд. Ва ҳамин эътибор додан ба навъи хӯроки миллии тоҷикӣ, хосатан барги ток саволу ҷавобҳои зиёд дар атрофи тарзи омода сохтани хӯрок аз ҷониби меҳмон соҳибхонаро водор сохт, ки бо маслиҳату машварат барги токро низ пас аз коркард ба мамлакати хориҷ ирсол намоянд. Ва ҳоло чандест, ки тариқи қуттиҳои шартӣ барги токро содирот менамоянд. Дар нимаи аввали соли гузашта 2400 қуттии шартӣ ва дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 6440 қуттии шартӣ барги токи консервашуда фиристоданд.

Мутаассифона, бо сабабҳои сар задани бемории коронавирус ва баста шудани роҳҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 600 қуттии шартии ҳаҷман яклитра равғани пахта содирот шуд, ҳол он ки дар ҳамин давраи соли 2019-ум 1500 қуттии шартӣ таъмин шуд.

- Дар коргоҳ ҳашт нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, аммо дар мавсими зимистону аввали баҳор, ки кор, ба қавле, ҷӯш мезанад, тариқи шартнома боз аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ нафарони зиёдеро бо кор таъмин мекунанд, - гуфт зимни суҳбат сармуҳосиби коргоҳ Мунира Исмонова.

Маъмурияти коргоҳ дар масъалаи ҷамъоварии ҳосили меваи пухтарасида самти корро хуб ба роҳ мондааст. Дар аввали сол бо аксар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ шартнома баста шуда, мунтазам маҳсулоти меҳнати ононро ҷамъоварӣ менамоянд.

ҶДММ «Меваи Канд» дар масоҳати як гектар ҷойгир буда, дар бобати ворид сохтани дастгоҳҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, кормандон дар масъалаи коркарди меваи хушк, шустушӯи он, хушк кардан, ба навъҳо ҷудо сохтан, ҷойгиркунӣ ба халтаҳо ва ғайраҳо масъулият эҳсос намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хизматрасонӣ баҳри содирот хуб ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад соли гузашта аз давлати Туркия технологияи муосири хатти истеҳсоли меваи хушкро харидорӣ намуданд, ки он боманфиат буда, суръати корро вусъат бахшид.

Ҳамчунин, дар дохили коргоҳ барои 30 нафар ошхона бунёд гардидааст, ки рӯзе як маротиба кормандонро ройгон бо хӯроки гарм таъмин менамояд.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат сухан рафт, аз ин рӯ, саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми кишвар буда, он барои рушди иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содирот имкон фароҳам меоварад. Гарчанде коргоҳ чанд сол инҷониб фаъолият мебарад, аммо ворид сохтани технологияи муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии аҳолии таҳҷоӣ ва кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба берун аз кишвар вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд, хосатан соҳибкор мебошад.

- Мо низ чун дигар соҳибкорони ватандӯст кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сифати корро беҳтар сохта, саноатро рушд бахшида, навъҳои содиротро афзун гардонем, зеро содироти меваҳо ин муаррифии кишвар мебошад, - қайд кард дар анҷоми суҳбат сарвари коргоҳ.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh