Санҷиши паҳлуҳои фаъолият

Бо иштироки роҳбарони чор сохтори вилоятӣ ва рӯзноманигорони вилоят нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Аз рӯи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, тибқи Фармони Президенти кишвар аз 1 то 15 - уми октябри соли равон дар мамлакат барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад, ки барои ин маъракаи муҳим аз буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 322 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Дар ин давра 6,6 ҳазор адад корҳои оморӣ дар муҳлати муайян иҷро ва инчунин ҳамагӣ дар 126 корхонаву ташкилот санҷишҳои мукаммал гузаронида шуданд. Нисбат ба 148 нафар масъулони субъектҳои ҳисоботсупор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар маҷмӯъ ба маблағи 55,4 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид, ки аз он ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 49,3 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

–Шумораи субъектони бақайдгирифташуда ба 118,4 ҳазор адад расидааст, ки ин 36 фоизи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда 8,2 ҳазор, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 43 ва соҳибкорони инфиродӣ 110,1 ҳазорро ташкил дода, аз он хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 63,3 ҳазор расидааст, ки ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 39,9 фоизро ташкил медиҳад, – афзуд сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилоят Ҳокимбек Накҳатзода.

Ҷараёни корҳои баанҷомрасида, фаъолияти раёсату шуъбаҳои омори Сарраёсат ва зерсохторҳои шаҳрию ноҳиявии он бештар дар маводи иттилоотию маърифатӣ тавассути сомонаи мақомоти омор ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос гардидааст.

Дар ҳисоботи Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят оварда шудааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 7,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 103, 1 фоиз расонида шуда, ҳиссаи он дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 24,3 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6576,8 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 114,4 фоиз таъмин гардид. Кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 2114,5 миллион сомонӣ расониданд. Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррасанд. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 598,3 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар бомаром идома дорад. Дар вилоят бунёд ва таъмиру азнавсозии 7111 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 811,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,2 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми воридот 638,8 миллион доллари амрикоӣ буда, 80,2 миллион доллар ё 18,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст.

Рафти татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016–2020» таҳти назорати доимии раёсат қарор дошта, амалишавии 192 лоиҳа ба маблағи 7864,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти Сарраёсати молия дар вилоят, давоми шаш моҳи соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва баистифодадиҳии фондҳои асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Сарфи назар аз афзоиш суръати рушд дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёти вилоят бо сабабҳои вазъи имрӯза нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Нақшаи қисми даромади буҷети вилоят ба маблағи 252,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 132,7 миллион сомонӣ дар ин давра кам карда шуд. Нақшаи даромади буҷет ба андозаи 100,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 1084,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9 миллион сомонӣ зиёд аст.

–Бо мақсади таъмини саривақтии маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва пешгирии пайдоиши қарздориҳо тадбирҳои мушаххас андешида, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин маблағи рухсатии омӯзгорон пурра маблағгузорӣ гардида, аз ҳисоби пардохтҳои зикршуда қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад,–гуфт сардори Сарраёсати молия дар вилоят Анвар Мирзозода. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар ин давра аз рӯи иҷрои қонунҳои мавҷуда фаъолият бурда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Фурӯши амволи давлатӣ тавассути Бирҷаи молу мулки вилоят тариқи музояда амалӣ гардида, дар натиҷа дар ду музояда 2 адад объекти хурду миёна ба маблағи умумии 163646 сомонӣ ва 4 адад воситаи нақлиётӣ ба маблағи 5019 сомонӣ фурӯхта шуда, 100 фоиз ба буҷаҳои дахлдор ворид карда шуд. Аз ҷониби комиссияҳои фурӯши амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо 10 объекти хурду миёна ба маблағи умумии 137513 сомонӣ фурӯхта шуданд.

Мутобиқи маълумот, дар давраи ҳисобтӣ ҳамагӣ 969 адад шартномаи иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 16911349,81 сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии фарсудаю корношоями корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ва аз мувозина ба мувозинаи дитгар гузаронидани бино, иншоот ва таҷҳизоти давлатии моликияти коммуналӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, корбарӣ шуда истодааст.

Дар охир ҷурналистон ба суолҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh