ҶДММ “НОҲИД”: ҲАДАФ - ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ БОСИФАТУ РАҚОБАТПАЗИР

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд ва ба истифода дода шуда истодааст. Дар ин самт аҳли саноатчиёни вилоят ҷаҳд доранд, то бештар корхонаҳои саноатӣ бунёд гарданду сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шаванд.

Шаҳри Истаравшан низ яке аз шаҳрҳои саноатӣ ба шумор рафта, саноатчиён тайи солҳои охир ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардидаанд. Доир ба дастоварди соҳаи саноат муовини раиси шаҳр Толиб Олимҷонзода қайд кард, дар шаҳр 47 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду калон фаъолият мебаранд. Ҳаҷми истеҳсоли саноат 102 фоиз таъмин шудааст. Алҳол дар ҶДММ «Адл» истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулот аз пластмасса, ки наздик 30 намуд ашёи рӯзгорро истеҳсол мекунад, ба роҳ монда шудааст. Корхонаи «Авангард – 2013» ба истеҳсоли равғанҳои молиданӣ барои воситаҳои нақлиёт машғул буда, дар ҳаҷми 750 грамм, 1 ва 5 литр бо сифати баланди бандубаст истеҳсол карда мешавад. Корхонаи ҶДММ «Покиза – 2013» ба истеҳсоли равғани растанӣ махсус гардонида шудааст, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳр соли 1997 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мумин Фозилов Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ноҳид», ки ширкати саноатӣ - истеҳсоли маҳсулотҳои трикотаҷӣ аст, ташкил шудааст.

Дар аввали ташкилшавӣ дар ширкат ҳамагӣ 6 нафар коргар кор ва фаъолият мекарданд. Ҳоло ин муассиса ба яке аз корхонаҳои саноатии пешқадами истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гашта, айни ҳол зиёда за 50 нафар фаъолият доранд. Корхона бо таҷҳизоти пешқадами истеҳсоли Олмон, Чин ва Чехия муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба корҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва рангубор машғул мебошад.

- Дар корхона коркарди пурраи риштаи пахтагин ба роҳ монда шуда, либосҳои мардона, бачагона ва занона, аз қабили тагпӯши мардона, майка, футболкаҳои бачагона истеҳсол мегарданд. Маҳсулот 100 фисад аз пахтаи табиӣ истеҳсол мешавад. Бояд қайд намуд, ки ашёи хоми истифодашаванда пурра аз дохили кишвар харидорӣ шуда, дар худи корхона коркард мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 100 ҳазор дона мебошад. Дар маркази шаҳр мағозаи фурӯши маҳсулоти корхона ба роҳ монда шудааст, - афзуд Толиб Олимҷонзода.

Тибқи маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 987,1 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 396,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 167,1 фоиз аст.

Маҳсулоти коргоҳ асосан ба содирот нигаронида шуда, бо давлатҳои Россия ва Белорусия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблағи 379,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр содирот шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2018 дар арафаи рӯзи Ваҳдат аз тарафи ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи рушди ҷомеа дар якҷоягӣ бо маркази рушди маъюбон дар бинои Маркази хизматрасонии «Фаровон» коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 45 ҷойи нави корӣ ба роҳ монда шуд, ки зиёда аз 25 нафар шахсони дорои маъюбият кор мекунанд. Ин иншоот бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда ҳоло фаъолият дорад.

Боиси қайд аст, ки тӯли шаш моҳ ба занони маъюбиятдошта муоширати имову ишора омӯзонида шуд, зеро на ҳар нафари онҳо дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил карда буданд. Ҳадаф аз омӯзиши муоширати имову ишора ин муноисибат бо атрофиён, изҳори ақида ва азхуд кардани касби дӯзандагӣ аст. Ҳоло 16 нафар чунин зану духтарон ба пуррагӣ бо кор фаро гирифта шудаанд.

- Дар аввали фаъолият 30 нафар зани маъюб буданд, вале 5 - 6 нафар дӯзандагиро тамоман азхуд карда натавонистанд. 5 нафари дигар бошанд, соҳиби оила шуданд. Вақте бори аввал бо чунин занону духтаракон рӯ ба рӯ шудам, гумон доштам, ки онҳо қобилияти коромӯзиро надоранд ва вақт беҳуда сарф мешавад. Дарвоқеъ, тарзи муошират ва коромӯзӣ бо ашхосе, ки сухан гуфта наметавонанду қобилияти шунавоиву гуфторашон суст аст, машаққати зиёдеро талаб кард. Танҳо бо кӯмаки мутахассиси муоширати имову ишора тавонистем, ба онҳо дӯзандагиро омӯзонем. Барои худро дар байни ҷамъият эҳсос кардани онон мо тасмим гирифтем, ки баробари онҳо занони солим низ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шаванд. Имрӯз, хушбахтона, ба натиҷаи дилхоҳ расидем, зеро занони мо нисбат ба ҳунари дӯзандагӣ шавқу рағбати беандоза доранд. Онҳо дар як моҳ 1500 сомонӣ маош мегиранд, - мегӯяд сардори сехи дӯзандагии «Ноҳид» Баҳодур Қулиев.

- Соли равон бо сабаби паҳншавии бемории COVID - 19 роҳбарияти корхона иқдом гирифт, барои пешгирии ин беморӣ истеҳсоли ниқобро ба роҳ монда, зиёда аз 65 ҳазор дона ниқоб истеҳсол намуд, ки аз ин ба Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба миқдори 2000 дона ниқоби яккарата барои пешгирии ин беморӣ ва ба маблағи 3000 сомонӣ ҳамчун кӯмаки хайриявӣ дастрас намудааст, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Роҳбарияти корхона ба мушкилиҳои бамиёномада нигоҳ накарда, тибқи риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, фаъолияти корхонаро ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намуда истодааст ва нишондиҳандаҳои иктисодии он гуфтаҳои болоиро тасдиқ менамоянд.

Танҳо давоми панҷ моҳи соли равон 3 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кафшгар», ки ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, инчунин ҶДММ «Нурпак», ки истеҳсоли халтаҳои полипротиленӣ ва ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон», ки истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашиканро ба роҳ мондааст, таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз ҷониби се нафар соҳибкори инфиродӣ сеху коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Масъулин ба он кӯшиш доранд, ки татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакатро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри амалишавии нақша ва вазифаҳои дарпешистода тамоми нерӯ ва қувваи худро сафарбар созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh