ҒАМИ ЗИМИСТОНРО ИМРӮЗ МЕБОЯД ХӮРД

Тоҷикистон дар минтақаи иқлимаш гарму мусоид ҷойгир шудаасту аз намудҳои гуногуни мева саршор мебошад. Бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғҳои кӯҳна ба мо имконият медиҳанд, ки дар кишварамон парвариши мева зиёд шуда, аз он истеҳсоли намудҳои гуногуни консерва васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи саноат бояд ба рушди фаъолияти истеҳсоли консерва диққати бештар диҳанд.

Дар урфият мегӯянд: «Ғами зимистонро дар баҳор мебояд хӯрд». Санавбар Собирова, сокини ноҳияи Ашт дар мавсими тобистон барои аҳли оилааш нӯшобаву шарбатҳо, мураббову қиёмҳои мевагию сабзавотиро ҳамасола захира менамояд. Азбаски дар ин ҷо бештари сокинон ба парвариши зардолу машғуланд, ҳам хушконидан ва ҳам омода намудани навъҳои гуногуни он барои ҳар як соҳибхоназан кори маъмулист. Дар ҳар хонадони ҷамоату деҳоти ноҳия занҳо бо омода намудани хуриш барои давраи зимистон сарукор доранд ва маҳсулоти заруриро бо тарзи гуногун захира мекунанд.

Сири захираи маводи хӯрок, пеш аз ҳама, барои боварии худи оила, хотирҷамъию фаровонӣ ва дастрасӣ ёфтани ҳар хонадон ба маҳсулоти серғизо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, самараноку мақсаднок истифода бурдани замин омили асосии фаровонии маҳсулот мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз ҳар сокини вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ашт низ маданияти хуби истифодаи заминро амалӣ намуда, меваю сабзавоти заруриро барои рӯзгор истеҳсол ва захира мекунанд.

Фараҳноз Шокирова, сокини ноҳия гуфт: - Он маҳсулоте, ки барои хонаводаи мо зарур аст, дар замини наздиҳавлӣ, ки 25 сотиқ мебошад кишту парвариш менамоем. Маҳсулоти киштнамуда асосан помидору бодиринг, булғар ва мевагиҳо мебошанд. Баъди пухта расинани маҳсулот барои захира ҷамъоварӣ намуда, қисму шарбат ва хуришҳо омода мекунем.

Танҳо давоми ҳафт моҳи соли равон тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 152 ҳазор тонна ғалла, 53 ҳазору 399 тонна картошка, 39 ҳазору 404 тонна пиёз, 92 ҳазор тонна сабзавот, 58 ҳазор тонна полезиҳо ва беш аз 85 ҳазор тонна мевагиҳо истеҳсол шудааст, ки ин ҳама аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар 18 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии вилоят 8 миллиону 942 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулоти консервӣ истеҳсол намуданд, ки аз 104 фоиз боло рафтани суръати афзоиш гувоҳӣ медиҳад.

Бино ба иттилои Яқубзода Баҳодур Қурбон - сардори Корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» - соли гузашта дар вилоят 14 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дошт ва дар ҷамъбасти соли 2019 ба миқдори 20 миллиону 350 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол шуд. Корхонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надоштанд, корхонаи коркарди консервабарории шаҳри Конибодом ва комбинати консерваи шаҳри Исфара мебошанд, ки соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ 17 корхонаи зертобеи идора фаъолият намуда, ба миқдори 18 миллиону 311 қутти шартӣ консерва якҷоя бо бахши соҳибкорони вилоят, ҳамчунин 10 086 ҳазор қуттии шартӣ аз тарафи корхонаҳои зертобеъ истеҳсол шудааст. Бояд зикр намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ворид намудани шарбатҳою афшураҳо ягон андози аксизӣ муқаррар нашудааст. Аз ин ҷиҳат метавонад, ки маҳсулоти хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бисёртар ворид гардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз вилояти Суғд содироти меваи хушк 19,3 фоиз, меваи тару тоза 3,2 ва пиёз 24 фоиз назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh