СОДИРОТ – МУАРРИФГАРИ МУЛКИ ОФТОБРӮЯ

Эмомалӣ РАҲМОН: Ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар бораи аҳамияти ҷиддӣ додан ба корҳои кишоварзӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзун гардонидани масоҳати майдони боғот ва ба ин монанд масъалаҳои марбут ба корҳои кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми соли 2017 – уми хеш чунин қайд карда буданд: «Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст». Қаблан ҳам ва ҳоло низ оид ба васеъ намудани майдони кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби Пешвои миллат борҳо гуфта шудааст.

Тавре аз рӯи маълумоти оморӣ аён гардид, дар нимаи аввали соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 626,5 гектар ниҳолҳои бисёрсола шинониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 29,4 фоиз кам мебошад. Бунёди боғҳои нав нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 32,7 фоиз кам, яъне 566,1 гектарро фаро гирифтааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 654 гектар ниҳоли мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳоли мевагиҳои мағздор ва дар 4,6 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудааст.

Чун мушоҳидаҳо собит месозанд, ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ба ҳадаф расидани нақшаву барномаҳои таҳиягардида сол аз сол кулли соҳаҳо рушд ёфта, бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон хазинаи буҷа ғанӣ гардида истодааст. Ва нисбат ба солҳои қаблӣ вазъи содироти мол, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ беҳтар гардида, номгӯи онҳо низ зиёд гардидааст. Дар ин бобат Пешвои маҳбуби миллат чунин ёдовар шудаанд: «Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона гардад».

Агар чанд сол қабл вазъи содирот ва навъу сифати он беҳтар гардида, ба ин васила миқдори интиқол хуб ба роҳ монда шуда бошад, мутаассифона, солҳои охир фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот ҷавобгӯи замон нест. Дар ин бобат дар Паёми Президенти мамлакат омадааст: «Ҳарчанд ки дар 11 моҳи соли 2018 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст, вале ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад, зеро ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад».

Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқот бо кишоварзон ва саноатчиён дар бораи афзун гардондани масоҳати боғот ва шинонидани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, эҳёи боғҳои нав ва рушди фаъолияти корхонаҳои коркарди мева борҳо таъкид намудаанд. Айни замон дар аксар шаҳру ноҳияҳо корхона ва ё сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Бунёди чунин коргоҳҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ пурра дар кишвар коркард шуда, пасон содирот гардад.

Дар шаҳри Конибодом низ ду корхонаи коркарди мева фаъолият мебарад, ки чанд сол инҷониб бо коркарди мева ва содироти он ба хориҷи кишвар машғуланд. Яке аз он - ҶДММ «Канд» мебошад. Сарвари он Равшан Аҳмадов зимни пурсиш арз дошт, ки дувоздаҳ сол инҷониб фаъолият доранд ва асосан маҳсулотро тариқи шартнома аз бозори дохилӣ ва деҳқонон харидорӣ менамоянд. Меваҳои тару тоза, ба монанди зардолу, себ, олуча, нок ва ғайраҳоро аз бозор, марказҳои савдо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, пас аз коркард ба кишварҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон ирсол месозанд.

Равшан Аҳмадов соли 2016-умро беҳтарин сол медонад, зеро 67 фоизи маҳсулоти содиротии вилоятро ҳамин коргоҳ таъмин намудааст. Тавре вазъи обу ҳаво гоҳе дар фаслҳои сол ғайричашмдошт тағйир меёбад, самти кори мо низ баъзан мавофиқи матлаб иҷро намешавад. Соли ду ҳазору даҳум бо сабабҳои вазъи номусоиди замон ду вагон маҳсулот дар ҳаҷми 135 тонна аз Федератсияи Россия баргашт.

Солҳои нахустини фаъолият агар кор тариқи дастӣ иҷрои мегардид, алҳол коргоҳ бо дастгоҳҳои муосир таъмин буда, дар мавсими серкорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ сафи кормандон зиёд мешавад. Пас аз қабули дархост аз Федератсияи Россия ва Қазоқистон маҳсулотро аз бозор ва ё хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, ба навъҳо ҷудо карда, пас аз коркард дар зарфҳои махсус содир мекунанд.

- Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки – мегӯяд Равшан Аҳмадов дар анҷоми суҳбат, - маҳсулоти аз деҳқон дастрасгардида сифати хуб дошта бошад ва коркард низ мувофиқи матлаб ба иҷро расад, зеро ҳар як моле, ки аз Тоҷикистон содирот мегардад, ин муаррифгари мулки офтобрӯяи мост.

Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифта, ба ҳадафи чоруми мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар шарафёб гашта, дар намоиш ва озмунҳои байналмилалӣ ҳарчи бештар ширкат варзем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh