Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими иншооти гуногун ҷараён дорад.

Рӯзи якшанбеи 23 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои ободонӣ дар маркази вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла дар кӯчаи “Озодӣ”-и шаҳр бо раванди бунёдкориҳо шинос гардида, барои тавсеаи корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Сокинон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихӣ тасмим доранд, ки роҳи кӯчаро мумфарш намуда, дар ободонии маҳал саҳми худро гузоранд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббуси саховатмандону сокинон рӯзҳои наздик дар кӯчаи “Озодӣ” мумфаршкунии 600 метри мураббаъ роҳ оғоз меёбад.

Раиси вилоят иқдоми сокинонро дар самти ободонии маҳал ва чароғонкунӣ ситоиш карда, таъкид кард, ки шаҳрвандон барои иҷрои корҳои хайр пешсаф буда, бо меҳру муҳаббати беандоза барои ободу зебо гардонидани ҳар як гӯши диёр аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Ободкориву созандагӣ аз анъанаҳои деринаи миллати тоҷик маҳсуб ёфта, тоҷикон аз қадимулайём ҷойи зист ва кӯчаву маҳаллаи худро ба қадри имкон тозаву озода нигоҳ медоштанд ва пайи иҷрои корҳои хайр талош мекарданд.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта, мувофиқи лоиҳа бинои нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст. Бинои табобатӣ барои 200 кат пешбинӣ шуда, айни замон беш аз 100 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом расонида истодаанд.

Бино ба иттилои масъулин то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ иҷро гардида, сохтмончиён ба ороишу рангуборкунӣ, сафолакпӯш кардан ва ойинабандии бино машғул ҳастанд.

Раиси вилоят дар ин рӯз ҳамзамон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамро Тоҳироваро аёдат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо мавсуф иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумат собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳоеро, ки барои ҷомеа хизмат кардаанд, қадр менамояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh