Дар ҶДММ “Суғд-пак” боз як сехи нави истеҳсолӣ фаъол карда мешавад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини ҳадафи стратегӣ –саноатикунонии кишвар ҶДММ “Суғд-пак” боз як сехи нави истеҳсолиро фаъол месозад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд - пак» дар шаҳри Бӯстон қарор дошта, дар як сол метавонад 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол намояд. Дар корхона зиёда 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ корхона дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро ташкил мекунад. Яъне дар ҶДММ «Суғд - пак» дар шаш моҳи соли равон 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст.

Бино ба иттилои масъулин дар сехи нав истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ барои орд, оҳак, семент ба роҳ монда мешавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ айни замон 25 нафар ҷалб гардидаанд.

Айни замон, мувофиқи маълумоти оморӣ дар корхона 310 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд ва дар назар аст, ки дар сехи нав боз даҳҳо нафар бо кор таъмин гарданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh