Шиносоӣ бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шинос гардид.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон Раиси вилоят аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо ҷавонони бо нангу ори Ватан ба ҳимояи марзу буми кишвар омода ҳастанд.

Дар дастаи таъиноти махсус низ ҷавонони худогоҳу ватандӯст адои хизмат менамоянд ва мардум дар симои онҳо ҳимоятгарони ҷасуру диловарро мебинад.

Афсарону сарбозони даста софдилона барои халқу давлат хизмат намуда истодаанд. Барои ҳайати даста бошад аз тарафи Ҳукумати мамлакат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Аснои боздид таъкид карда шуд, ки минбаъд низ шароити корӣ ва буду боши афсарону сарбозон беҳтар карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh