Эътиқоду меҳри мо бар Пешвои миллат аст!

Ба касе пӯшида нест, ки низоъҳои дохилии бемаънӣ ва рашку ҳасади хориҷа кишвари моро, ки баъди пазмониҳои хеле тӯлонӣ, ниҳоят соҳибистиқлол шуда буд, ахиран ба майдони ҳарбу зарб кашида, оташи ҷанг афрӯхтанд. Дуди ғализи куштор ва сӯхтор ба фалак печид, ғаму андӯҳ ҳукмфармо шуд, гурезогурез аз ҷилои Ватан оғоз гашта, ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи он тамоман фалаҷ ва корношоям гашт. Образнок карда гӯем, тирамоҳи соли наваду дуввум киштии орзую омолҳои миллат дар уқёнуси пурталотуми башӯромада бе молу ҳол, бе соҳиб монда, дар амвоҷи пуршиддат уштурак мерафт ва ҳеҷ шакку шубҳае намонда буд, ки ана-мана нагуфта, титу пора мешавад ва нишастагонаш ба қаъри гумномӣ фурӯ мераванд.

Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози шонздаҳум дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт ва ҳазорон шукр, ки неруҳои солими кишвар киштии фано ва адогаштаро аз коми ҳалокат бо машаққати зиёде раҳонида, сӯкони онро ба дасти ҷавонмарди бебоку меҳанпараст Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов биспурданд.

Бидуни шакку шубҳа, бо қатъият ва масъулияти том гуфтаниям, ки Худо ҳаст! Ҳаст ин зоти пок, ки оҳи пурдарди синаҳои моро шунид, ба ашкҳои шашқатори дидагонамон раҳм кард ва инсонеро ба кишвар дар лаҳзаҳои хеле ҳассоси рӯзгорамон тақдим дошт, ки далеру шуҷоъ, раиятпарвару одил, сулҳхоҳу адолатпеша аст. Ва ӯ туфайли ана ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсониаш муваффақ гашт, ки мулк аз вартаи ҳалокат ва касофат кашида шуда, ҳазорон - ҳазор ҳамватанон боз ба манзилу маъвои худ баргарданд, авфи умум эълон шавад, яроқ ба замин сархам гардад, ба хонадони тоҷик нуру сафо биёяд.

Оре, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаҳои дар он иҷлосия, дар Хуҷанд, дар Қасри Арбоб додаашон, ба савганди хӯрдаашон - «То он даме ки як нафар тоҷик дар хориҷи кишвар бошад, ман ором буда наметавонам ва баҳри беҳбудии ҳамин халқу ҳамин Ватан тайёрам, ҷони худро нисор кунам!» сарбаландона вафо карданд ва натарсидаву наҳаросида корҳоеро ба субут расониданд, ки дар шароити кунунӣ бемислу монанд ва басе ҳайратоваранд. Дигар хел карда гӯем, Сарвари хирадманди мо дар ҳалли мушкилоти рухдода мифтоҳеро ҷустуҷӯ ва пайдо карданд, ки таърих амсолашро надида буд ва ҷаҳону ҷаҳониён низ қоилаш гашта, ин услубро бо калимаи «феномен» - ҳайратовару нотакрор шодбош гуфтанд.

Вале то ин шодбошиҳо, то ин пирӯзиҳо раҳ ҳанӯз тӯлонӣ, дурудароз ва хеле ноҳамвору пурпечутоб буд. Аммо Пешвои муаззами мо натарсидаву наҳаросида, бо роҳи пешгирифтаашон, ки ягона роҳи ҳалли мушкилоту муноқишаҳо, роҳи дуруст ва ба муроду мақсад расиданҳо буд, бо шиори сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, авфу бахшиш, ваҳдату ягонагӣ қадам заданд. Ҷон ба каф монда, қадам заданд. Осон буд магар аз байни оташи сӯзони ҷанги шаҳрвандӣ гузар карда, ба манотиқи пурхавфу хатари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - ба Хустдеҳи баландкӯҳ баҳри мулоқоту гуфтушунид оиди мусолиҳаи миллӣ назди роҳбарияти мухолифини тоҷик сафар кардан? Саҳве намешавад бигӯем, ки ба ин иқдом на ҳар кас дар он шабу рӯзҳои тӯфонӣ ҷуръат мекард ва ин рафтори Роҳбари давлат худ як шуҷоат, як қаҳрамонист!

Бале, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар уқёнуси пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ ва пофишориҳои гурӯҳҳои мухолиф, ки гаҳе ғайричашмдошт, гаҳ аз чапу гаҳ аз рост ба кишвар бо мақсадҳои ғаразнок шабохун мезаданд, киштии орзую омолу халқу Ватанро моҳирона ба соҳили мурод меронданд ва, ба қавли нависандае, тоқа бодбони ӯ аз дуродур тобон буд. Ҳа, шахсияти ин фарди фидоии миллат мисли он давру замоне, ки мо - ҳамагон аз сар гузаронидем, чун як фарде, ки бо амри тақдир ба арсаи роҳбарии давлат ва сиёсат омадааст, аҷибу нотакрор ва дар айни замон бозёфти нодир аст. Ба сари ҳокимият, ба сарварии давлат он кас, чунонки аксар вақт рух медиҳад, бо майлу рағбати вазифаталошӣ, мансабпарастӣ, савлату калонгарӣ кардан не, балки дар моҳи ноябри тақдирсоз бо як овоз дар парлумон ва дертар бо эътирофи умумихалқӣ дар интихобот чун Президент бо ғолибияти том ва ҳаққу ҳалол омадаанд.

Инро акнун ашаддитарин мухолифи сиёсии мо ҳам маҷбуранд эътироф кунанд, ки Президенти мардумии мо дар сарнавишти миллат як шахси тасодуфӣ набуда, балки як фарди таҷрибаи ҳаётандӯхта, дар кори рӯзгор ва муборизаҳои шадиди сиёсӣ обутобёфтае мебошанд, ки ягона орзую омолашон оромӣ ва осоиши Ватан ва шодмонию хушбахтии халқи бузургворашон мебошад.

Воқеан, фаромӯш ҳам набояд кард, ки Пешвои мо ҳанӯз дар овони ҷавонӣ се сол дар флоти Баҳри Сиёҳ ва Уқёнуси Ором ба таври шоиста хидмати ҳарбӣ карда, ғаввоси далеру бебок ҳам будаанд…

Ҳанӯз касе аз модараш Президент тавлид нашудааст. Президентҳоро ҳаёт, зиндагӣ, муборизаҳои шадиди сиёсӣ ба арсаи таърих меоваранд ва онон дар талошу муборизаҳо баҳри рӯзгори халқу Ватанашон обутоб ёфта, ба камол мерасанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз қабили онҳо ҳастанд. Вай кас чун як инсони оддии заминӣ бори гарони ватандорӣ ва нангу номуси миллатро дар лаҳазоти басо душвору ҳассоси зиндагӣ ба дӯши худ гирифта, то ба рӯзҳои нек, то беҳбудиҳо оварданд ва дар ҷараёни баҳсу талошҳои шадид, мубоҳисаву андешаҳои аниқ, қабули қарорҳои ғайричашмдошт, имзои ҳуҷҷатҳои тақдирсоз, сафарҳои паёпаи хориҷи кишвар, нутқҳо ва баромадҳо аз минбарҳои байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадор ва арбоби давлатӣ камол ёфтанд, барӯманд шуданд ва дар радифи лидерҳои маъруфи ҷаҳонӣ эътироф гаштаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузурги беҳамтояшон дар бобати мустаҳкам кардани сулҳ ва саҳми калонашон дар инкишофи илм бо Ситораи тиллоии Алберт Шиветсер сарфароз гардонида шуданд. Ёд дорам, ин муҷдаро Президенти Академияи номбурда Казимир Имлиминский расонида, хотирнишон шуда буд, ки Сарвари давлати тоҷикон аввалин сиёсатмадори ҷаҳон аст, ки бо чунин «Ситораи тиллоӣ» мукофотонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари давлат, Президент, чун сиёсатмадор бисёр кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки ба халқи кишвар, пеш аз ҳама, гаронмоятарин неъмат – сулҳу салоҳро тақдим доранд. Бо ҳамин нияти нек, бо ҳамин орзую омол он кас, сарфи назар аз сангарҳои сари роҳ, гаҳе Афғонистон мерафтанду гаҳе Эрон, гаҳе Бишкеку гаҳе Ашқобод ва ниҳоят баъди мулоқоту гуфту- шунидҳои паёпай бо сарварони мухолифини тоҷик ба имзо кардани Созишномаи истиқрори сулҳи кулл дар Маскав муваффақ гаштанд. Ин дар таърих, дар тақдири миллати мо як саҳифаи дурахшон ва ҳаргизу ҳеҷ гоҳ фаромӯшнашудание буд. Ба ифтихори ин воқеъоти тақдирсоз Президенти кишвар рӯзи 27-июнро рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд. Ҳамагон ин рӯзи саидро бо ашкҳои шодии сари миҷгон ҳамон сол дар майдони 800 - солагии Москваи пойтахти азизамон бо ҷаҳон - ҷаҳон хушнудию сарфарозӣ истиқбол карда буданд,

Пас аз он ки дар кишвар сулҳу салоҳ пойдор гашт, мавриде фаро расид, ки дар бораи давлатдории миллӣ, сохтори он бо суръати тез ва обрӯю эътибори хоса ба протсесҳои ҷаҳонӣ вуруд гаштани давлати ҷавони соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон, ки масоили навбатӣ ва хеле ҷиддию глобалӣ ба шумор меравад, ҳамаҷониба андеша ва таҳаммул карда шавад.

Ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни ин мушкилот хирадмандона андеша карда, дар таҳкиму инкишофи давлатдории навин дар айёми муносибатҳои бозаргонӣ рӯ ба анъаноти ниёгон, рӯ ба таърихи бой ва ғании тоҷикон оварданд. Ёдовар шудан мехоҳам, ки ин иқдоми хирадмандона низ яку якбора ва тасодуфӣ набуд.

Пешвои муаззами миллат то эълон доштани ҷашни 1100 - солагии давлатдории Сомониён бо як силсила ташаббусҳои наҷиб ва хеле гаронмояе баромад карданд, ки аз ҷониби ҷомеаи кишвар хуш пазируфта шуданд, ба ҷашнвораи бузурги ниёгонамон заминаи боэътимод тайёр намуданд. Аввал, ин ки хидматҳои барҷастаи сардафтари адабиёти кунунии тоҷик, аввалин Президенти Академияи улуми Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва муаллифи асари ҷовидонаи «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров қадр карда, бо Фармони Президенти мамлакат ба онҳо унвони баланди “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд ва ГЭС - и овозадори Норак, ки тимсоли барҷастаи дӯстию бародархондагии халқҳо буд, ба унвони фарзанди дигари накӯноми кишвар – собиқ Котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсунбой Ӯлҷабоев номнавис гашт. Баъдан як силсила тадбирҳои дигар, аз ҷумла ҷашнвораҳои шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастии мардуми моро хеле баланд намуд.

Воқеан, Истиқлолияти Тоҷикистон оғози нави эҳёи мероси тамаддуни ҳазорсолаи халқ гардид. Таҷлили ҷашнҳои шукӯҳманди Наврӯз, Меҳргон, Сада, идҳои Рамазон, Қурбон, инкишофи ҳунару ҳунармандӣ, урфу одат, анъана ва ғайра ба насли наврас бунёди тозаи афкори ҷамъиятӣ мерос мегузорад, ки он ибтидои инкишофи тамаддуни тозабунёди мо хоҳад буд.

Хотирнишон бояд кард, ки худшиносии миллӣ дар маданият ва фарҳанги миллӣ инъикос меёбад. Ва имрӯз нишондодҳои Президенти мамлакат дар ин бахш пешрафтҳои тозаи умедбахши миллати моро даст медиҳад, ки барои нашъунамои ояндаи миллат боз ҳам заминаи боэътимоде хоҳад гузошт.

Ёд дорам, бо ибтикори Президенти мамлакат кишвар рӯз аз рӯз болу пар мекушод, ба парвозҳои баланд мисли уқоб омодагӣ мегирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён ба ҷаҳону ҷаҳониён басе буррою гӯё иброз дошта буданд: «Тоҷикон дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодии худ басо ҷоннисориву фидокориҳо карда, хушбахтона, дар замони Сомониён давлати фарохдомон бунёд карданд ва забону фарҳанги суннатии худро эҳё намуданд. Забони форсии дарӣ мақоми худро аз нав пайдо карда, дар даврони Оли Сомон хамирмояи офаридаҳои бузурги илмиву адабӣ гашт.

Воқеан, давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт ва шукӯҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷу камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯманд номид. Нерӯи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид».

Бале, бо ибтикори Пешвои миллат ин ҷашни фархунда оғоз гашта, ниҳоят ба авҷи аълояш расид. Дар майдони Дӯстӣ, ки замоне бо айби бадхоҳони миллат майдони талошҳои сиёсиву талабҳои мансабхоҳӣ, майдони низоъҳои гӯшхарошу гулӯдаррониҳои бемаънӣ шуда буд, маҷмаае бунёд гашт, ки аз шукӯҳу шаҳомати беназираш дар ҳайрат нашудан мумкин нест. Бо ҷидду ҷаҳд, талошу муборизаҳои Президенти муътабари мардумӣ, ниҳоят, тоҷи тиллоии тоҷик охири охирон боз бар сари соҳибони ҳақиқияш гузошта шуд. Ва ин майдон баъди 1110 – сол Исмоили Сомониро аз дилу ҷон, бо шодию сурур хайрақадам гуфт, бо иззату икроми хоса ба тахт, ба маснад, ба маҷмааи ифтихор ва сарбаландӣ шинонд.

- Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯи замин, кишвари ганҷҳои некӯиқболу табиати худодод ва макони кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои зулол аст. Чанде пеш дастаи кӯҳнавардони кишварҳои гуногун яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳонро дар қаторкӯҳҳои Помир фатҳ намуда, симои ҷовидонаи Исмоили Сомониро ба қуллаи кӯҳ насб карданд. Ва қуллаи осмонгири сарзамини тоҷикон номи абарманди миллат - Исмоили Сомониро гирифт. Боварии комил дорам, ки ҳайкали бошукӯҳ ва қуллаи осмонгири Исмоили Сомонӣ чун размҳои давлату давлатдории тоҷикон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ то абад азизу муборак хоҳад монд.

Ва асри ХХI барои кулли тоҷикони олам асри кору пайкори миллӣ, асри созандагию бунёдкориҳо ва фатҳи куллаҳои нав ба нави ҳаёт хоҳад буд!, - иброз доштанд Роҳбари давлат дар ин ҷашни бузург.

Як нуктаро гуфтаниам, ки ман чун сарвари Бӯстонсарои ҳукуматӣ, ки он ҷо дар ҳамон солҳо Президенти мамлакат кор ба зиндагӣ доштанд, шиддати кор ва талошҳои рӯзгори ин марди бебоку хирадмандро борҳо ба мушоҳида гирифтаам. Дарду армон, орзую омол, шодию ғуссаҳои ҳамаро ин марди худодод басе ҳассосона дарк мекунанд ва мудом дар такопӯи он ҳастанд, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон фақат шодию фараҳ ато созанд.

…Дар боғшаҳрам, Душанбеи азизу ба ҷон баробарам, бо дили пур қадам мезанам ва дар майдони Дӯстӣ, назди маҷмааи Исмоили Сомонӣ бо як ҷаҳон ифтихор қарор мегирам. Нигоҳам бозу боз ба тоҷе дӯхта мешавад, ки дар баландии баландиҳо, зери нурҳои тиллоранги хуршеди оламоро медурахшад. Ва дар дурахши он сари баланди тоҷикони тоҷдори хешро дида, дилам мисли мавҷҳои дарёи шакароби Душанбе ба ҷавлон меояд. Осон буд магар бунёди ин шукӯҳу шаҳомат? Саҳл буд сохтмони дарвозаҳои шаҳр? Чӣ қадар биноҳо таъмиру тармим шудаанд? Ҳазорҳо километр роҳҳо асфалтпӯшт ва чӣ қадар гулгашту хиёбонҳо ободу зебо гаштанд? Қасрҳои муҳташам, биноҳои маъмурӣ ва амсоли онҳо чӣ? Ин ҳама аз баракати дастони пурсаховати Президенти кишвар аст, ки Душанберо зеботарин шаҳри ҷаҳон номида, ба инкишоф ва шукуфоии он пайваста ғамхорӣ мекунанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукронаи Истиқлол, бо халқи шарифи тоҷик дилпурона бо шоҳроҳи Ваҳдату ҳамдилӣ қадам мезананд. Ва ин қадам ба фардо, сӯи хуршед ба истиқболи бахту саодати меҳану миллат, ба пешвози тулӯи офтобу ахтарон аст. Ва чӣ хуш бо чунин Инсон, бо ҳамин Президент, Пешвои муаззами тамоми тоҷикони ҷаҳон ифтихор кардан ва қадами меҳр ниҳодан ба хотири пирӯзӣ ва саодатҳои навини Тоҷикон!...

 Абдуқодир Ҷабборов,

Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,

директори «Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон» дар солҳои 1994 – 1999

Add comment


Security code
Refresh