Бӯстон: Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат рушд меёбад

Истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбариву ҳидоятномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки баҳри рушди босуботи кишвари азизу маҳбуб қадамҳои устувор гузорем. Маҳз, бо кӯшишу талош ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва иродаи устувору шикастнопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми саодатманду сулҳхоҳи тоҷик Тоҷикистони мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, роҳи рушди босубот ва марҳалаи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку созанда мушаххас гардид.

Чун мо, мардуми шарифи кишвар, дар остонаи омодагиҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсии тақдирсозу ояндаофар, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо қаноатмандӣ ва сарфарозӣ метавон иброз намуд, ки маҳз, сиёсати бобарору умедбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар буд, ки бо меҳнати софдилонаву азму талоши садоқатмандона нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

Боиси хушнудист, ки бо татбиқи бомароми нишондиҳандаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, хушбахтона, яке аз ҳадафҳои олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон дар сатҳи назаррас таъмин гардида истодааст.

Агар ба нишондиҳандаҳои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо такя ба Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, баръало маълум мегардад, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Дар маҷмуъ, дар ин марҳала дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тағйироти куллӣ ба миён омада, ҷиҳати фароҳам намудани шароити арзандаи кору зиндагии сокинон ҳамчун яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар шаҳри Бӯстон низ дар заминаи татбиқи бонизоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободониву созандагӣ, бунёди коргоҳу муассисаҳои наву замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, фароҳам намудани шароити кору шоиста ба сокинон ва амсоли инҳо иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта шуда, хушбахтона, сол то сол нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр тамоюли афзоишро касб намуда истодааст.

Боиси хушнудии тамоми сокинони шаҳри Бӯстон аст, ки дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди босуботи шаҳри азизамон хеле назаррас буда, дар тамоми соҳаҳо нишондиҳандаҳои чашмрас ба мушоҳида мерасанд.

Бо такя ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - масъулон ва сокинони шаҳри Бӯстон кӯшиш менамоем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ ва дар сатҳи шоиста ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.

Раъно ҲОШИМЗОДА,

раиси шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh