Истиқлол - бахти ҷовиди мо!

Истиқлолият неъмати беназири Худованд аст, ки ба халқи шарифи Тоҷикистон насиб гаштааст. Имрӯз мо барҳақ савол дода метавонем, ки Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Аввалан, озодии миллӣ дод. Ҷаҳон эътироф кард, дар як сайёраи бузурги олам давлате мутамаддин бо номи миллати тоҷик - Тоҷикистон пойдор аст.

Ба шарофати Истиқлолият комилан забони худро барқарор намудем ва қонунан ба он мақоми давлатӣ додем. Акнун дар ҳама манотиқи кишвар забони тоҷикӣ ба ҳайси забони коргузорӣ ва муоширати давлатӣ амал мекунад. Мо ба Марз, Артиш, Асъор, Нишону Парчами мустақил, ки бо номи миллату давлат тавъаманд, соҳиб гардидем.

Аз ҳама муҳимтар, давлати миллӣ бунёд намудем, ки имрӯз қатори давлатҳои абарқудрати сайёра ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ дорад. Ва ин давлати мустақилро шахсе сарварӣ карда истодаанд, ки сиёсатмадори ҷаҳон, фарзанди фарзона, нексиришту дурандеш, оқилу хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз қасру кӯшкҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, нақбҳо, неругоҳҳои азим, пулу роҳҳои ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ самараи Истиқлолият ҳастанд.

Истиқлолият, дар маҷмӯъ, тамоми дарҳои хушбахтӣ, саодат, илму маърифат, ҳунаромӯзӣ, рӯ овардан ба илмҳои муосири дунявиро ба рӯямон боз кардааст.

Мо бояд, дар навбати аввал, ба қадри озодӣ, сулҳ, ободӣ, дӯстӣ, ваҳдат, соҳибистиқлолӣ, соҳибватанӣ, созандагиву бунёдкорӣ, шукуфоӣ бирасем ва шукр намоем.

Фирӯз БОҚӢ,

 узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh