Раиси вилоят​ намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украинаро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина Виктор Меленетс ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят оид ба имкониятҳои мавҷудаи соҳаи энергетика ва рушди соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод. Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва лоиҳаҳо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёфт. Дар мамлакат сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз кардани агрегатҳои якуму дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа бахшида шавад.

Дар зимн гуфта шуд, ки дар маркази вилоят теъдоди зиёди биноҳои баландошёна ва корхонаву иншоот мавҷуд буда, дар оянда ба бунёди маркази барқу гармидиҳӣ низ афзалият дода мешавад.

Виктор Меленетс аснои суҳбат аз тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина метавонад бо вилояти Суғд ҳамкориро ба роҳ монда, тибқи дархост маркази барқу гармидиҳӣ бунёд намояд. Зеро таҷрибаи корхона дар ин самт калон аст.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба охир расид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh