РОҲИ ОБОД – БАШОРАТИ БЕҲБУД

Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад. Дар ин раванд роҳҳои асосиву байни маҳҳаллаҳои шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мумфарш мегарданд. Танҳо ҳамин сол дар шаҳри Хуҷанд 1,5 километр роҳи аҳамияти маҳалливу байниминтақавидошта бо истифода аз асфалти гарм мумфарш шуданд.

Бо иқдому дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд роҳи Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуда, асфалти гарми хушсифат хобонида шуд.

Тазаккур бояд дод, ки роҳи мазкурро Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳр бо масофаи як километр ва бо паҳноии 5 метр мумфарш намуданд.

Дар роҳи Минтақаи шимолу шарқӣ, ки он асосан минтақаи саноатист, аз ду ҷониби роҳ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мавқеъ гирифтан, солҳо инҷониб ба таъмиру тармими асосӣ эҳтиёҷ дошт. Бо амалигардии ин иқдоми некбинона бо ободии роҳ акнун имкониятҳои хизматрасонии роҳу нақлиётӣ хубтар гашта, ин тадбир ба самарабахшии кори корхонаҳои саноатӣ мусоидат менамояд.

Юсуфҷон Абдураҳимов – сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат гуфт, ки роҳсозӣ ин як амали савоб аст. Дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ободонии кӯчаву маҳаллаҳо яке аз иқдомҳои хуб арзёбӣ мегардад. Дар ин замина бунёду ободонии роҳҳо, пеш аз ҳама, иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сипас меҳнати пурмашаққати роҳсозон аст. Таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии роҳи ин минтақа як туҳфаи хеле муносиб ба пешвози ҷашни пуршукӯҳи кишвар барои сокинони ин кӯча мебошад, - гуфт дар суҳбат номбурда.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мумфаршкунии роҳ то ба гардиши корхонаҳои дигари истеҳсолӣ, аз қабили қорхонаҳои паррандапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва шириниҳо амалӣ мегардад. Ҳамчунин, аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳр роҳи гардиши Беморхонаи марказии шаҳр тавассути Маркази бемориҳои саратоншиносӣ бо асфалти гарм мумфарш гардид. Дар ин бобат асфалти гарми истеҳсоли коргоҳ асфалтбарории худи муассиса истифода шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон, тибқи нақшаи ободонии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд 2,1 километр роҳ таъмири асосӣ шуда, 11 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда хоҳад шуд.

Сокинони сарбаланди шаҳри Хуҷанд ҳамеша сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, дар пайи ободии диёри хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh