Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара

12 октябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканд бо рафти бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази хизматрасонӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати майдон 0,33 гектарро ташкил медиҳад. Дар асоси лоиҳа баландии сутунпояи Парчам 45 метр буда, ҳудуди майдон ба масоҳати 1000 метри мураббаъ сафолакпӯш мегардад. Дар майдон ҳамчунин барои истироҳату фароғати сокинон таъсиси гулгашт низ ба нақша гирифта шудааст.

Маркази хизматрасонӣ бошад барои истироҳату фароғати калонсолон пешбинӣ гардида, дар он чойхона, меҳмонхона ва корти тенис бунёд хоҳад шуд.

Раиси вилоят аснои боздид барои дар сатҳи баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти кории кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи лоиҳа бино дорои 11 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст аст.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр шинос гардид. Ба иттилои масъулин арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил дода, он тариқи ҳашари умумӣ сохта мешавад. Аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара — Кӯчкак — Хуҷанд ва Исфара — Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад. Худи иншоотро 8 унсури  секунҷаи сутунмонанд ташкил намуда, дар баландии дуюним метр дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти «Хуш омадед» ва «Роҳи сафед» бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда мешаванд.

Ҷоизи зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, соли 2018 86 иншоот, 2019 131 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Давоми нуҳ моҳи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 77 иншоот пурра ба итмом расонида шуд.

Дар баробари сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр ба бунёди гармхонаҳои нави инноватсионӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Масалан, соҳибкор Баҳодур Бузруков бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ тасмим дорад, ки гармхонаи нави инноватсионӣ бунёд намояд. Ҳини шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 5 гектар бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами давлати Исроил бунёд мегардад. Айни замон як қисми таҷҳизот барои гармхона ба шаҳр ворид карда шуда, ояндаи наздик он ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро қобили дастгирӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки бо бунёди чунин гармхонаҳо метавон бозори дохилиро бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин сохт. Дар зимн барои иҷрои корҳо, татбиқи пурраи лоиҳа ва таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ба муассисони гармхона тавсияҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh