ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК
- Details
- Published on Monday, 19 October 2020 13:10
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ бо шаклу андоза ва бастаҳои гуногун ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд. Корхонаи нави саноатии хурд дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватандӯст Насимҷон Саидов таъсис дода шудааст.
Ҳадаф аз бунёди корхонаи мазкур истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ дар мамлакат мебошад. Маврид ба зикр аст, ки қаблан ин навъи маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Акнун бо дастрас ва насби таҷҳизоти нави истеҳсолӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Хатҳои нави технологӣ ба корхона аз кишварҳои пешрафтаи дунё дастрас ва насб карда шудааст. Бо таъсиси ин корхонаи нав дар шаҳри Гулистон 28 нафар, аз ҷумла 20 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корхона бо ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ, дар маҷмуъ бо арзиши 1 миллиону 615 ҳазор сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як баст 800 бастаи гуногуни маҳсулоти коғазӣ барои беҳдошт мебошад.
Масоҳати умумии иншоот 0,40 гектарро ташкил дода, бинои истеҳсолӣ 700 метри мураббаъро дарбар мегирад. Ашёи хом дар корхона бо истифода аз технологияи навини соҳа коркарди маҳсулоти аълосифати истеҳсоли худӣ ба роҳ монда шуд.
Бо афзун гардидани талабот ба ин навъи маҳсулот пахтаи тиббӣ дар бастаҳои гуногун низ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ҷараёни истеҳсолӣ барои безарар намудани коғаз ва тавлидоти маҳсулоти босифату бехатар маҳлулҳои кимёвӣ истифода мегарданд. Ҳамчунин, барои нигоҳдории маҳсулоти хом ва тайёр дар корхона анборҳои барҳаво бунёд карда шудааст.
Масъулони корхона нақша доранд, ки бо афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ тавлидоти маҳсулоти босифати ватаниро зиёд намуда, дар баробари бозорҳои мамлакат содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд. Бояд гуфт, ки ҳудуди корхона ободу зебо гардида, бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст. Дар саҳни корхона айвон бо ороиши баланди санъати миллӣ кандакорӣ шуда, фаввораи дилфиреб сохта шудааст. Роҳҳои ҳудуди корхонаи мазкур мумфарш мебошанд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»