ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ

Дар шаҳри Хуҷанд дар назди Маркази саратоншиносии вилоят шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.

Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шудааст, ки асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидааст.

Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, ба беморон хизматрасонии сатҳи баланди тиббиро ба роҳ мондаанд.

Директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов зикр дошт, ки акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд. Бо ифтитоҳи шуъба ва дастрасшавии таҷҳизот дар вилоят ба беморон шароит фароҳам омад, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии саратонӣ муҳайё гардид.

Шуъба дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh