Раҷаббой Аҳмадзода: Дастовардҳо бозгӯи талошу заҳмати шоистаи мардуми Суғдзамин аст!

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2020

Санаи 21 октябри соли 2020 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси вилоят ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

- Сокинони меҳнатдӯсти вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар  суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят моҳи сентябри соли равон баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил намудани ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.  

Воқеан ҳам ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ ва кулли меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят новобаста аз таъсири манфии бемории сироятии КОВИД - 19 рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиётро таъмин намуданд.

Дар ин давра баробари таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ, 700 - солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва дигар ҷашнҳои милливу давлатӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Сипас, роҷеъ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод. Таъкид карда шуд, ки ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми нуҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10 миллиарду 676,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,0 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра, таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ба миқдори 948,5 ҳазор тонна семент ва 1,3 млн. тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 126,3 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 122,2 фоиз таъмин гардида, дар маҷмӯъ бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2619,9 тонна калоба ва 515,4 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол гардид. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот низ сол аз сол тавсеа ёфта, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 388,1 ҳазор тонна орд ва 3295,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,0 ва 1,2 баробар зиёд аст. 

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2020 ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2308 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 73 корхонаву коргоҳи нав бо 1085 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 7 миллиарду 406,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки баробари 107,8 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278633,7 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 233693,9 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44939,8 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Дар миқёси вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 8680  тонна мебошанд.

Ҳамзамон, фаъолияти 453 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он дар  277 гармхона парвариши сабзавот ва дар 176 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 18,66 гектар расонида шуд, ки аз он 13,27 гектар помидор, 2,59 гектар бодиринг ва 2,80 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 9,95 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,81 гектар расонида шуд.

Мувофиқи дурнамо соли 2020 дар масоҳати 255 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин давра 528 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақшаи дурнамо 2,1 баробар зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,9 млн. сомонӣ, Ашт 1,0 млн. сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 500,0 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 300,0 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавӣ дар мавзеи Рухак 200,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта фаъолияти мунтазам ба роҳ монда шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 930,8 млн. сомонӣ азхуд шуд ва ба маблағи 329,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд. Ҳамагӣ ба маблағи 673,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 1,7 баробар таъмин гардид. 

Тибқи нақша ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта, 1376 иншоот ба истифода дода шуд, ки 72,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра наздик 5394 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 75,0 фоиз иҷро шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар давраи ҳисоботӣ 7747,3 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 2372,5 млн. сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят бошад ба 1186,9 млн. доллар расонида шуд, ки баробари  80,7 фоизи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Аз ҷумла, воридот 947,9 млн. доллар ва содирот 239,0 млн. долларро ташкил намуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 80,5 ва 81,6 фоизро дар бар гирифт.

 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи фаъолон муовинони Раиси вилоят – сарпарастони соҳаҳо, роҳбарияти сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро муваззаф намуд, ки бобати таъмини рушди вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят тадбирҳои саривақтӣ андешанд. 

Аз ҷумла, масъулин вазифадор гаштанд, ки ҷиҳати тавсеаи рушди устувори соҳаи саноати вилоят, ба даст овардани боздеҳи дилхоҳ ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллии мамлакат - саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар, бунёди  корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар доираи  нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷи кишвар корбариро самаранок ба роҳ монанд.

ҳамзамон, бобати таъмини иҷрои сифатноки воридоти андоз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, таъмини беталаф ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта ва то 25 октябри соли равон иҷро намудани нишондиҳандаи дурнамои истеҳсоли пахта, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи сардхонаҳо ва  захиракунии маҳсулоти зарурӣ аз ҷониби хоҷагидорон ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Дар ҷаласа Раиси вилоят аз вазъи беҳдошти солимии ҷомеа дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки бобати коҳиш додани таъсири бемории сироятии КОВИД-19 ба фаъолияти иҷтимоию иқтисодии вилоят, таъмин намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба мардум дар ин лаҳзаҳои ҳассос чораҳои мушаххас андешанд.

 - Боварии комил дорам, ки ҳар яки мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани маҳали зист, ҳудуди корхонаву коргоҳ ва ташкилоту муассиса, шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2020-ум,  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бемайлони дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро густариш медиҳем, - зикр дошт Раиси вилоят дар фарҷоми ҷаласаи фаъолон.

 Мухтори Абдулло,

“Ҳақиқати Суғд”


 

Add comment


Security code
Refresh