МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ БА ДАСТАРХОНИ МАРДУМ

«Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ҷиҳати зиёд кардани майдони зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъӣ андешанд»,- таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ.

Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тақозо мекунанд, ки тадбирҳои мушаххас дар ин самт амалӣ гардонида шаванд. Аз ҷумла соли равон дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Панҷакент дар майдони умумии 28152 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд.

Аз ин миқдор 13 788 гектараш ғалладона, аз ҷумла 4255 га гандум, 1771 га шолӣ, 5015 га ҷав, 677 га ҷуворимакка барои дон ва 1217 гектар зироатҳои техникӣ - офтобпарасту зағир мебошанд. Дар 6623 гектар кишти картошка, 2126 гектар сабзавот, аз ҷумла 533 га пиёз, 398 га сабзӣ,147 га бодиринг, 107 га карам, 381 га помидор ва дар 560 гектар дигар намуди сабзавот гузаронида шудааст.

Соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳо - гандум нисбат ба порсола 726 тонна, ҷав 843 тонна, ҷуворимакка 30 тонна ва сабзавот 5344 тонна зиёд гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми 5-6 соли охир аз ҳисоби соҳилмустаҳкамкунӣ ва кушодани заминҳои нав майдони кишти картошка, ғалладонагиҳо, бахусус шолӣ садҳо гектар афзун гардид. Айни замон 73 612 тонна картошка ҷамъоварӣ шуда, ғунучин давом дорад. То имрӯз 95 фоизи майдони шолӣ дарав карда шуда, ҳосили назардошт 64 - сентнерӣ аст ва бештар аз 10 800 тонна шолӣ ба даст оварданием. Ҷамъоварии шолӣ алҳол бо истифода аз ҳавои бебориш босуръат идома дорад.

- Панҷакент бо боғоти меваҳои хушлаззат ва токзорони ангури баландсифаташ низ маъруф аст, - мегӯяд муовини сардори идораи кишоварзии шаҳр Фирӯз Ёров. - Себи хубонӣ, мавизҳои аз ангури кишмишии сиёҳу сафед тайёркардаи панҷакентиён натанҳо дар кишварамон, балки берун аз он низ харидорони зиёд дошт. Имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти Фароб, Шинг, Моғиён, Рӯдакӣ, Вору анвои гуногуни себ парвариш карда мешавад.

Дар Панҷакент соҳаи чорвопарварӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, давоми ҳашт моҳ 2068 тонна гӯшт, 14 845 тонна шир ба даст оварда шуд. Дар ҳудуди шаҳр ду коргоҳи паррандапарварӣ фаъолият бурда, то кунун ба миқдори 1 миллиону 980 ҳазор дона тухм ба даст оварда шудааст. Бо ба фаъолият шуруъ кардани ин ду корхона сатҳи таъминоти сокинон бо тухми хушсифат беҳтар гардида, дар назар аст, ки соли оянда боз як коргоҳи паррандапарварӣ ба кор андохта шавад.

Дар маҷмуъ, кишоварзони шарафманди Панҷакент баҳри ба амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат фидокорона заҳмат кашида, азм доранд, ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh