Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко"

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар он дар як шабонарӯз то 20 тонна равғани растанӣ коркард мешавад. Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва инчунин аз хориҷи мамлакат ба ин корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхонаи муосири ҶДММ "ЗирвЭко" 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши кормандон ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, ҷараёни коркарди равғани растанӣ тавассути технологияи муосир назорат мегардад. Маҳсулоти ба корхона воридшуда ва ҳам баъди коркард, яъне маҳсулоти тайёр аз ташхиси пурра гузаронида мешавад. Дар заминаи коркарди дуруст ва ташхиси ҳамаҷониба мутахассисон ба сифат ва бехатарии маҳсулот кафолат медиҳанд. Ташхисгоҳи ҷамъият бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст ва барои муҳити зист зарар намерасонад. Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва инчунин дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудааст, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи "Олия" ва "Софӣ" дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр банду баст мешавад. Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, ҳамчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.

Ҳамзамон аз партовҳои равған дар ин корхона собун низ истеҳсол карда мешавад, ки барои истифодаи хоҷагӣ хеле қулай ва нархи дастрас дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҷиҳати захира намудани маҳсулоти хом дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки баҳри фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳо андешида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh