НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТАЪСИСИ 12 КОРГОҲ ВА 190 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ

Татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳамгироии саноати кишвар ба сохтори саноати ҷаҳонӣ, суръатбахшии силсилаи навовариҳои технологӣ, пайдо ва устувор намудани мавқеи саноати Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

- Тараққиёти саноатӣ барои ҳар давлат муҳим арзёбӣ мешавад ва маҳз рушду равнақи истеҳсолот боиси ғанӣ гардидани давлат хоҳад буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад ва бо суръати тезтарин дар сафи яке аз мамлакатҳои беҳтарини рӯ ба тараққӣ қарор дошта бошад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз садҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар доранд ва боиси некӯҳолии мардуми кишвар шудаанд. Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, истеҳсолӣ, хоҷагиҳои аграрӣ дар рушду равнақ буда, шаҳодати тараққиёти кишваранд, - изҳор дошт зимни суҳбат Аъзамҷон Каримов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бобати фаъолияти корхонаҳои қаламрави ноҳия ва таъсиси коргоҳҳои нав иттилоъ дода, мавсуф қайд намуд, ки дар ноҳия, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нави замонавӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, корхонаҳои саноатии ноҳия давоми нӯҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1552,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ ба маблағи 640,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ 170 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра аз 114 корхонаи саноатӣ сад коргоҳ фаъолият намуда, аз ин 57 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли гузашта афзун намуд.

Бояд қайд намуд, ки 43 корхона бо сабабҳои набудани фармоишгар, ба охир расидани ашёи хом суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли 2019 кам намуда, инчунин 14 корхона аз сабаби мавсимӣ будан, набудани фармоишгар, ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолият накарданд. Соли ҷорӣ, тибқи нақша, дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои технологии иловагӣ аз тарафи соҳибкорон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа наздик 190 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

- Бо назардошти дастуру супоришоти Пешвои миллат ва роҳбарияти вилоят дар самти боз ҳам рушд додани соҳаи саноат нақша чорабиниҳо таҳия гардидаву минбаъд низ баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пардохти саривақтии музди маош ва андоз, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ тамоми тадбирҳо андешида хоҳад шуд, - мегӯяд А.Каримов.

Бовар дорем, ки саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани иқтисодиёти мамлакат ва дар ин раванд амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии кишвар, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Суғд мусоидат намуда, баҳри тараққиёти соҳа боз ҳам саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh