ВАЗЪИ КУНУНӢ: ДАСТОВАРД ВА МУАММОҲОИ КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА

Соли равон кишоварзони вилоят ҳосили хуб рӯёнида, ба хирмани Ватан ба санаи 11-уми ноябр наздик 125 ҳазор тонна пахта супорида, намуда дар арафаи иҷрои дурнамои имсола қарор доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки чунин нишондоди баланд таи солҳои охир амиқтар ба назар мерасад, ки аз кордониву меҳнати пурмаҳсули масъулину кишоварзон дарак медиҳад.

Мебояд, ки ин миқдор ҳосилро коргоҳҳои пахтатозакунӣ коркард намоянд. Бино ба гуфти Отабек Ҳоҷиев - сармутахассиси Сарраёсати кишоварии вилоят, алҳол дар вилоят 44 корхонаи саноатии коркарди пахта амал мекунад, ки аз ин ҳисоб беш аз 20 адади он бо технологияи муосири хориҷӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Фарқияти технологияи ватанӣ аз хориҷиро шарҳ дода, мавсуф иброз дошт, ки технологияи муосири хориҷӣ нерӯи барқ ва қувваи кориро бештар сарфа менамояд. Лекин аз лиҳози сифати нах тавассути технологияи ватанӣ истеҳсолшуда нисбат ба хориҷӣ андаке афзалият дорад.

- То санаи 1-уми ноябр аз ҳосили захирашуда зиёда аз 50 ҳазор тоннааш аз коркард бароварда шудааст,- гуфт Отабек Ҳоҷиев, - дар натиҷа 19 ҳазору 818 тонна нах ва 19 ҳазору 212 тонна чигит ба даст омад. Дар як вақт аз чигити ба даст овардашуда қариб 1700 тонна чигити тухмӣ захира карда шуд.

Воқеан ҳам, барои деҳқоне, ки бо арақи ҷабин аз хок «тиллои сафед» мерӯёнад, дар ин ҷода ду чиз муҳим аст: нархи коркард ва хариди пахтаи хом ва ниҳоят нархи нахе, ки дар бозори ҷаҳонии Ливерпул муқаррар карда мешавад. Тибқи қарордод, соли равон нархи ҳар кило пахтае, ки истеҳсолкунанда ба фурӯш мебарорад, 5 сомониву 80 дирамӣ то 6 сомониву 40 дирамӣ муқаррар шуд.

Мавриди қайд аст, ки чанд соли охир барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи пахта ва бо ин дастгирии кишоварзон корхонаҳои коркард маблағгузории нақдиро аз давраи киштукор то расидани ҳосил ва ҳатто давраи чиниши пахта ба роҳ мондаанд.

- Корхонаҳои коркарди пахта дар мавсими имсола маблағгузории соҳаро ба беш аз 75 миллион сомонӣ расонида, аз ҷумла 1674 тонна чигити тухмӣ, 2715 тонна нуриҳои минералӣ, 80 ҳазор литр сӯзишвориҳои дизелӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешпардохт намудаанд. Дар ин раванд корхонаҳои ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» -и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Суғд-стандарт-котон», ҶДММ «Органик – Ян», ҶДММ «Тиллои сафед»-и Ҷаббор Расулов, ҶДММ «Конибодом-коттон»-и шаҳри Конибодом, ҶДММ «Музаффар», ҶДММ «Ҳамроҳ-2016», ҶДММ «Ҷаъфар» -и ноҳияи Мастчоҳ, ҶСК «ДСМ-19», Кооперативи тиҷоратии «Мирзошавкат», ҶДММ «Зафариён»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Шамс-777» ва ҶДММ «Хуҷанд-агро-2018» ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саҳми назаррас доранд.

Дар баробари дастовардҳои соҳа ҳамзамон як қатор мушкилот низ ҷой дорад:  - Солҳои охир нархи нах дар бозори ҷаҳонӣ паст рафта истодааст, ки албатта, ба арзиши аслии ҳосил таъсири манфӣ мерасонад,-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо Отабек Ҳоҷиев,- ба санаи 12-уми ноябр ҳар килои нах 1150-1200 доллар муқаррар шудааст. Ин рақам дар ҳолест, ки нархи қувваи барқу сӯзишворӣ ва нуриҳои минераливу заҳрдору ва ниҳоят қувваи корӣ бамаротиб боло рафтаву бинобар ба вуҷуд омадани вазъияти пандемия дастрас шудани аксар маҳсулот, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешуд, мушкилӣ рӯи кор омад.

Воқеан ҳам ин гуна ҳолат норозигии марди деҳқонро ба миён оварда, кам нестанд, саҳмдороне, ки заминашонро ба дигарон ба иҷора додаанд ё дигар намуди зироатро киштаанд. Ба андешаи сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев, роҳи ҳалли муаммо ин, пеш аз ҳама, ҳамкориҳои наздику мутақобилаи корхонаҳои коркарду кишоварзон буда, бояд ба онҳо баъзе имтиёзҳо дода шавад.

Аввалан, дар ин раванд хуб мешуд, масъулин қарздории корхонаҳои коркардро дар назди буҷет ба муддати 3 сол тамдид намоянд, то ки аз ҳар ду ҷониб ҳавасмандӣ бештар гардад. Дуюм, ба корхонаҳое, ки ба коркарди нахи пахта машғуланд, қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок то 12 фоизи солона бо фоизҳои нисбатан пасттар дода шаванд. Алҳол, бошад, бонкҳо қарзҳоро ба 36 фоизи солона пешниҳод менамоянд, ки ин умуман ба манфиати корхонаву деҳқон мусоидат намекунад. Дар ин росто деҳқон қарзро на аз корхонаҳои коркард, балки бевосита аз бонкҳо мегирифт, дар ин сурат рӯёнидани маблағ ва талаботи риояи тарафайнӣ аз ҷониби бонк осонтару беҳтар мешуд.

Сеюм роҳи раҳоӣ – қатъиян манъ кардани баровардани пахтаву нахи истеҳсолшуда, яъне давлат онро харидорӣ кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба корхонаҳои коркард фурӯшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ дар баромадҳои хеш дастур медиҳанд, ки ҳосили пахта маҳз дар қаламрави ҷумҳуриамон коркард ва то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расонида шавад. Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳои боло соҳаи коркарди пахта дар вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои кишвар ба худ хос дастовард, муаммову мушкилот ва дурнамо дорад. Бинобар ин бовар дорем, ки дар сурати беҳтар намудани дастгириву ҳамкориҳои мутақобила муаммоҳо ҳал шуда, соҳа боз ҳам афзалиятнок мегардад.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh