Деваштич: Омодагии ҳамаҷониба

Дар ноҳияи Деваштич 77 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва се гимназия, инчунин ҳашт кӯдакистон ва як Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебаранд.

Дар соли таҳсили имсола дар муассисаҳои таълимии ноҳия 38905 нафар хонанда, аз он 19 ҳазору 87 нафар духтар таҳсил мекунанд. Аз 2425 нафар хатмкунанда, ки 1201 нафар духтар мебошанд, 999 нафар (328 нафар духтар) донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, аз онҳо 21 нафар тариқи квотаи Президентӣ (11 нафараш духтар) ва 273 нафар (151 нафар духтар) толибилми муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ гардиданд. 13 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия бошанд, дар донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар таҳсили хешро идома дода истодаанд.

Зимни пурсиш оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо иқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳия Нурангез Зикруллоева қайд кард, ки дар соли хониши 2020 – 2021 омодагии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ хуб мебошад.

Дар асоси шартномаи тарафайн корхонаи ҶДММ «Саноат ва сохтмон»-и шаҳри Истиқлол муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ноҳияро сари вақт бо маводи сӯхти хушсифат таъмин намуд. Имсол ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори як ҳазору 240 тонна (нақша як ҳазору 95 тонна) ангиштсанг, яъне 113 фоиз ва ба ҷойи 511 метри мукааб 614 метри мукааб ҳезум ворид гардид, ки ин 120 фоизи нақша мебошад.

Баъди ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо ба миқдори 385 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардид, ки он пурра ҷавобгӯи талабот мебошад.

Дар масъалаи оинабандӣ бошад, ба андозаи 290 метри мураббаъ тирезаҳои муассисаҳои таълимӣ бо селофан маҳкам карда шуд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 63 адад генератор мавҷуд буда, онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар 24 таълимгоҳ системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд мебошад, ки танҳо ёздаҳтоаш дар ҳолати корӣ қарор доранд. Нурангез Зикруллоева оид ба масъалаи генератор дар муассисаҳои таълимӣ иброз дошт, ки 13 адади он дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ васл гардида буд, бинобар ин дубора таъмир намудан ғайриимкон аст. Аз рӯи нишондодҳои мутахассисон, барои барқароркунии як дегхонаи даврони шӯравӣ метавон дар ду муассисаи таълимӣ системаи ягонаи гармидиҳии замонавиро васл кард, ки айни ҳол он ба нақша гирифта шудааст.

Барои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ 326 адад гармкунаки барқӣ ва 1394 адад печи бухорӣ васл гардидааст.

Ба суоли мо оид ба дар ҳолати набудани қувваи барқ дар бархе муассисаҳои таълимие, ки тариқи системаи ягонаи гармидиҳӣ фаъолият доранд, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Барот Расулов гуфт, ки муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 6, 22, 29, 35, 53 ва 60, инчунин Гимназияи 1 ва кӯдакистонҳои рақамҳои 1 ва 8 бо ёрии ангиштсанг ва танҳо дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 37 ва 40 гармидиҳӣ бо қувваи барқ сурат мегирад.

Дар ин бобат тавре мутасаддиёни соҳаи нерӯи барқи ноҳия иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо пурра бо қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Метавон гуфт, имсол ҳам чун солҳои қаблӣ муассисаҳои таълимии ноҳия ба давраи зимистонгузаронӣ омодаанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh