ИСТИҚЛОЛИЯТ - ФАЙЗИ НУСРАТБОР

Неъмати муқаддаси ҳаётамонро гиромӣ медорем, - мегӯяд Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мардуми заҳматпешаи ноҳияи Ҷаббор Расулов чун дигар сокинони мамлакат бо дарки баланди арзишҳои ватандорӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зеботар намудани кишвари азизамон корҳои созандагиро тақвият бахшида, дар рушду нумуи диёри сарсабзи хеш саҳм мегузоранд. Сокинони сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз ҳар вақти дигар дар татбиқи сиёсати бунёдгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми кишвар ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. Ин аст, ки дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия сол ба сол афзун гашта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст.

Истиқлолият, бешубҳа, барои пешрафти кишвар ва баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар, бахусус дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Тавре дар суҳбат Қудратзода Тоҳир Толибӣ, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов зикр намуд, сокинони шарафманди ноҳия бо шукргузорӣ аз даврони озодӣ ва сулҳу ваҳдати комил, таҳти ливои музаффаронаи Пешвои муаззами миллат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил намудани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида истодаанд.

Дар баробари ин, бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳия корҳои таъмирию сохтмонӣ босуръат давом доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, масоҳати умумии ҳудуди ноҳия 32141 гектарро ташкил намуда, аҳолии он ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ 140828 нафар мебошанд.

Ноҳия Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва панҷ ҷамоати деҳот Ғӯлакандоз, Деҳмой, Сомониён, Ҳаёти нав, Гулхона ва 28 деҳаро дарбар мегирад.

Аз шумораи умумии корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашн то ин давра аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар 281 банд ба маблағи умумии 159 миллиону 593 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар натиҷа 142 иншоот ба истифода дода шуда, зиёда аз 436 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, - қайд намуд Қудратзода Тоҳир Толибӣ.

Дар асоси дархосту пешниҳодҳо нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 394 банд тасдиқ шуда, аз 153 банди дар соли 2019 ба нақша гирифта 154 банд иҷро гардид ва аз 59 банди дар соли 2020 пешбинишуда 29 банд ба иҷро расидааст.

Дар нақшаи чорабинии мазкур сохтмону таъмири мактабу синфхонаҳои иловагӣ, боғчаҳои бачагона, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, таъмири марказҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, нуқтаи хатнаи кӯдакон, дорухона, сартарошхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, мумфаршкунии 16 километр роҳ, 11 коргоҳи истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Санаи 20 - уми марти соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят С.Рустамзода дар баробари ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам дар варзишгоҳи марказии Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳамзамон тадбирҳои маънавию фарҳангӣ вобаста ба мазмун ва моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, озодию соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободию шукуфоии Ватан тавассути баргузории “Рӯзҳои ягонаи ахбор”, таълифу нашри мақолаҳои илмию оммавӣ, ташкили конфронсу семинарҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда истодаанд.

Ҳамчунин, санаи 3 – юми апрели соли равон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа рафти сохтмони иншооте, ки дар соли 2020 ба истифода дода мешаванд, мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд. Зимни боздид аз тарафи роҳбари гурӯҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва саривақт иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Қудуми мубораки Пешвои миллат

Аз қадимулайём мегӯянд, ки подшоҳ қудуми муборак дорад ва ин ҳикмати мардумӣ беасос нест. Мо дар мисоли ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бори дигар ба воқеияти он шоҳид шудем. Зимни сафарашон Пешвои миллат ба оғози фаъолияти якчанд иншооти ҳаётан муҳим оғоз бахшиданд, ки мӯҷиби пешрафту тараққиёти соҳоти хоҷагии халқ ва дар ин замина, беҳдошти рӯзгори мардуми ноҳия хоҳанд гардид.

Баробари ба истифода додани пойгоҳи обкашии «Деҳмой - 1» дар деҳоти Деҳмой, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру таҷдид гардид, мушкилоти норасоии об дар деҳоти Гулхона, Сомониён, Ғӯлакандоз, қисман заминҳои деҳаи Ҳаёти нав аз байн рафт. Акнун тавассути ин пойгоҳ 7885 гектар замини кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин мешавад. Ҳар як муҳаррики нави насбшуда, ки то 20 фоиз қувваи барқро сарфа менамояд, дар як сония то 1300 литр оби полезӣ интиқол медиҳад. Ҳамчунин, таъминоти оби полезӣ дар мавзеи Рухак беҳтар гардид. Дар он ҷо 400 гектар замини корам ва 210 гектар замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан аз сабаби норасоии об қисман кишт мешуданд, шодоб гардиданд.

Ташрифи Пешвои миллатро аъзои Хоҷагии деҳқонии «Холмат» бесаброна интизор буданд. Баҳои баланди Пешвои миллат ба заҳмати аъзои хоҷагӣ, ки 4,3 гектар замин доранд ва ҳар ваҷаби онро самаранок истифода мебаранд, онҳоро басо рӯҳбаланд кард. Бояд гуфт, ки дар хоҷагӣ кишти такрориро хуб ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар 1 гектар бодиринг, 0,50 гектар помидор ва 0,50 гектар карам кишт намудаанд. Саҳмдорони хоҷагӣ қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,50 гектар карам кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст оварда буданд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнерӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳия мутобиқ аст.

Саноатикунонии кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, бо дарназардошти тағйирёбии вазъи талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошанд.

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ дар кишвар ба ҳисоб рафта, рушди ҷомеа бе пешравии он ғайриимкон мебошад. Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нави муосир вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки айни замон дар ноҳия 26 корхонаи саноатӣ, аз қабили ҶСК “Суғд стандарт коттон”, ҶДММ “Манзилоро”, ҶДММ “Ш.Бародарон”, ҶДММ “Ғаллаи Суғд”, ҶДММ “Органик Ян” ва ВМ ҶДММ “Нури Истиқлол” фаъолияти хуб доранд.

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 207 миллиону 943,1 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 77 миллиону 683,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 159,6 фоизро ташкил медиҳад.

Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи масъулини ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Роҳи обод – башорати зиндагии шоиста

Боиси қайд аст, ки давоми чанд соли охир дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чандин километр роҳҳои маҳаллӣ пурра мумфарш шуданд.

Тибқи нақша, дар соли 2019 таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 94,7 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 22,5 километр таъмири асосӣ, 28,1 километр таъмири ҷорӣ бо асфалт ва 44,1 километр роҳ шағалпӯш мешуд. Иҷроиши он ҳамагӣ 98,1 километрро ташкил дод, ки аз таъмири асосӣ 16,5 километр, таъмири ҷорӣ 32 километр ва шағалпӯш 49,6 километр мебошад.

Ҳамчунин, дар соли 2020 бошад, нақшаи таъмири роҳҳои ноҳия ҳамагӣ 92,8 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 6,5 километр таъмири асосӣ, 35,7 километр таъмири ҷорӣ бо асфалт ва 50,6 километр роҳ шағалпӯш карда мешуд. Иҷрои он бошад, 93 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 4,5 километр таъмири асосӣ, 36,3 километр таъмири ҷорӣ ва 51,9 километр шағалпӯш шудааст.

Қайд кардан лозим аст, ки дар доираи сафари кориашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2018 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи автомобилгарди «Деҳмой – Меҳробод - Маданият» - ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ» (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд – Исфара - 67,7 километр) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди «Деҳмой – Меҳробод - Маданият» 16,9 километрро дарбар мегирад.

Барои Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ - РАОМ-2” (таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара) аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳаҷми 45,0 миллион доллари ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,0 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, маблағгузорӣ гардид.

Дар асоси Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизот барои нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ ЛСА моҳи декабри соли 2018 ба МДНРА-и ноҳия ду техника, як адад манипулятори борбардорӣ, як адад боркунаки фронталӣ ва шаш адад механизм ва таҷҳизоти роҳсозӣ ворид шудаанд.

Сайёҳӣ ва рушди он

Бояд гуфт, ки маркази ноҳия сол аз сол ободу зебо гардида истодааст ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои ободониву созандагии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми мушоҳидаҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулхона аён гардид, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Дар ёздаҳ деҳаи ҷамоат иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва хизматрасонии маишӣ барои сокинон сохта шуда, он ҷараён доранд. Тибқи маълумоти масъулин, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳар як деҳа майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Имрӯз ин иқдоми наҷибро соҳибкорон хуб пазируфтаанд. Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Далер Каримов дар деҳаи Гулхона як майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ҳудуди ҷамоат таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дошта, алҳол беш аз як километр роҳи марказии ҷамоат аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ба пуррагӣ мумфарш карда шуд. Ноҳияи Ҷаббор Расулов асосан дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Дар фаслҳои баҳору тобистон шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои атроф барои сайри лола меоянд ва дар ноҳия баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё шудааст. Дар ноҳия як меҳмонхона бо номи «Салимбек» фаъолият менамояд, ки дар шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст.

Ҳамчунин, ду истироҳатгоҳ – осоишгоҳ мавҷуд буда, аз он ҷумла «Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакони ба номи 20 - солагии Истиқлолият» ва ҶДММ «Гиппократ» ва ду осорхона, хона - осорхонаи Бобохон Ҳамдамов дар Ҷамоати деҳоти Сомониён ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз мавҷуд аст.

Дар ноҳия як адад ширкати сайёҳи ҶДММ «Роҳи сафед» фаъолият намуда, 22 ёдгории таърихӣ - фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо, инчунин боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳраки Меҳробод фаъолият менамояд.

Дар ноҳия тарабхонаҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ мавҷуд буда, барои қабул дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон омода мебошанд.

Соли ҷорӣ гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ аз хизматрасонии меҳмонхона, тарабхона ва ошхона 600,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2 миллиону 276,6 ҳазор сомонӣ кам ё ин ки 26,3 фоизро ташкил медиҳад, ки сабаби асосии он паҳншавии бемории коронавирус ва аз ин боис коҳиш ёфтани ташрифи сайёҳон мебошад.

Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият бурда, минбаъд низ бо меҳнати ҳалолу садоқатмандона ба Ватан содиқона хизмат мекунанд. Мекӯшанд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоиро баланд бардоранд, то ҳаёти осудаву осоишта ва дастархони пурнозу неъмати сокинон таъмин бошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»,

Аксбардор

Инъомҷон РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh