АЗ ЗАҲМАТИ ДЕҲҚОН ҲОСИЛ ГАРДАД ФАРОВОН

Имрӯз айёми ғунучини ҳосил ва ба даст овардани маҳсули дастони муъҷизаофари марди деҳқон аст. Мавсими корҳои саҳроӣ кишоварзони ноҳияи Мастчоҳро серкору серташвиш кардааст. Зеро бо истифода аз фурсати муносиб ва обу ҳавои мусоид ҷидду ҷаҳди онҳо баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ва фаровон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии соҳибистиқлолист.

Кишоварзони ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ доранд ва тадбирҳои муайянеро ба сомон расонидаанд. Бо ин мақсад давоми нӯҳ моҳи соли 2020 - ум 21 ҳазору 735 гектар замини кишоварзии ноҳия аз шудгори босифат бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат кишти 1610 гектар зироати ғалладона, 12400 гектар пахта, 4081 га зироати равғандор, 244 гектар сабзавоту картошка, 2300 гектар полезӣ ва 1100 гектар зироати хӯроки чорво пешбинӣ гардида, дар майдони 76,5 гектар картошкаи барвақтӣ, 147 гектар сабзавот, 2129 гектар полезӣ, 12008 гектар пахта ва 1786 гектар зироати хӯроки чорво кишт шуд.

Дар маҷмӯъ, барои ҳосили соли 2020 дар майдони 23082 гектар замин кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Растанипарварӣ яке аз соҳаҳои зарурии хоҷагии қишлоқ аст, ки кишоварзони ноҳия барои ба даст овардани ҳосили хушсифат кӯшиш намуданд. Аз ин ҷост, ки дар ноҳия ғалла ба 100091,7, картошка 3250, сабзавот 11514,5, полезӣ 65805, меваҷот 953 ва хӯроки чорво дар ҳаҷми 31907 тонна воҳиди хӯрока истеҳсол гардид, ки вусъати афзоиш аз 127 то 169 фисадро ташкил медиҳад. - 130 гектар замини шолӣ дорем. Аз тарафи мутахассисон абрабатсия гузаронида шуда, ҳосилнокии интизориро аз як гектар ба 75 сентнер муқаррар карда буданд. Хушбахтона, то имрӯз ҷамъоварии шолиро дар 90 гектар замин ба охир расонда, 970 тонна ҳосил ба баст овардем.

Дар 40 гектари боқимонда бошад, айни замон ҳосилғундорӣ идома дорад. Метавон дар ин ҷода Хоҷагии деҳқонии «Муллоиброҳим» ва «Ҷумъа Одина»-ро ном бурд, ки дар қатори пешсафон ҷойгиранд. Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии «Амакҷон», «Наврӯз», «Бешариқ», «Ғуфронҷон», «Сорбон», «Гули шодӣ», «Тӯрахон», «Бобоҷон» ва «Олимиён» бошанд, имрӯз бо истифода аз фурсати муносиб ва обу ҳавои мусоид чиниши «тиллои сафед»-ро идома дода истодаанд, то ягон пағаи маҳсули дасти деҳқон дар замин намонад.

Ин аст, ки то имрӯз 28 ҳазору 202 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз ҳар гектар замин ба 23 сентнерӣ рост меояд. Айни замон кишоварзони ноҳия ба кишти тирамоҳӣ машғуланд. То ин дам дар майдони 503 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт шуда, кор дар ин самт тезутунд ҷараён дорад, - иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев.

Алҳол айёми фарорасии фасли сармост, аммо кишоварзони ноҳия аз сардӣ ҳаросе надоранд. Дар 151 гармхонаи мавҷудбуда, ки нисбат ба соли гузашта 32 адад зиёданд, маҳсулоти сабзавотӣ кишт шудааст ва аҳолӣ аз он шукргузор ҳастанд, ки тамоми фасли зимистон аз неъматҳои табиат бархурдор хоҳанд буд. Ин аст, ки то ин давра истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ аз гармхонаҳо ба 343 тонна баробар гардида, хоҷагиҳои деҳқонии «Алимаҳмад» ва «Сарҷамъ» пешсафанд. Сардори Хоҷагии деҳқонии «Сарҷамъ» Фазлиддин Ҳасанов бар он ақида аст, ки алҳол нашъунамои помидор дар гармхонаҳо хуб буда, аз оғози моҳи январ рӯи дастархони мардум ин намуди сабзавот гузошта хоҳад шуд.

ИҶРОИ ҚОНУН - ДАР АМАЛ

Тӯйхонаи «Бӯстон» яке аз иншоотест, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ мардуми ноҳияро ончунон шоду масрур гардонидааст, ки қалам дар тасвираш оҷиз аст. Зеро ба шарофати соҳибистиқлолӣ, бунёди биноҳои замонавӣ, ободиву тозакорӣ мардум илҳом гирифта, бо дасту дили гарм ба оянда назар медӯзанд.

Татбиқи иҷрои қонунҳои доимамал бошад, пешаи ҳамарӯзаи мастчоҳиён аст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ назорати рафти татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Комиссияи доимамали ноҳиявӣ вобаста ба таъмини иҷрои талаботи қисми якуми моддаи панҷуми Қонуни мазкур бо таъсиси 7 комиссияи маҳаллӣ ва 61 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мебаранд. Комиссияҳои мазкур ҳамарӯза бо мақсади таблиғу ташвиқ ва фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам мулоқоту вохӯриро бо аҳолии ноҳия доир менамоянд. Аз маълумот бармеояд, ки давоми нӯҳ моҳи соли 2020 дар миқёси ноҳия 594 маърака баргузор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 адад кам аст. Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 594 нафар навхонадорро аз қайди давлатӣ гузаронида, барояшон шаҳодатномаи ақди никоҳ додааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар тамоми ҷамоату шаҳракҳои ҳудуди ноҳия ёрии амалӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар рафти расонидани ёрии амлӣ ба мутасаддиёни ҷамоатҳо дар доираи вақти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон, риояи анъанаҳои номгузорӣ, дар муҳлати то 3 моҳ аз қайд намондани кӯдаки навзод, бо шаҳодатномаи таваллуд таъмин намудани онҳо, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо кормандони соҳаи тиб дар ин самт, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ, ҳатмӣ будани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, аҳамияти ҷиддӣ додан дар вақти пур кардани сабт ва дарҷи шаҳодатномаҳо, набаромадан аз доираи салоҳиятҳои худ ва даст назадан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва амсоли инҳо дастур дода шуд. Ин аст, ки давоми нӯҳ моҳ вобаста ба ҷашну маросим дар ноҳия ҳамагӣ панҷ ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст.

ДАРС ДАР МАКТАБИ НАВ

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ сохта, ба истифода супурдани муассисаи таълимии № 42 дар маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён дар нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буд. Имрӯз муассисаи мазкур барои 1200 нафар хонанда дар ду баст фаъолият дорад. Муассиса ҳамчунин дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинетҳои фанҳои физика, математика, биология, табиатшиносӣ, кимиё ва озмоишгоҳҳои дорои шароити муосир, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

- Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷобод кушода шудани боз дари як маскани маърифату тарбия мо, маорифчиёнро басо хушнуд гардонид. Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат дар ду соати таълимӣ - дарси забони русӣ ва технологияи информатсионӣ иштирок намуда, аз дониши толибилмону омӯзгорони муассиса баҳраманд гардиданд. Меҳмонон ҳамчунин, аз варзишгоҳи муассиса дидан намуда, ба маҳорати варзишгарон баҳои баланд доданд, - иброз дошт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев.

Бале, рушди соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия 47 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 1 литсей ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ амал дошта, 26 553 нафар хонандаро бо таълиму тарбия фарогир аст. Санаи 14 - уми сентябри соли 2020 чаҳор иншооти муҳташами соҳаи маориф – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод, бинои маъмурии шуъбаи маориф, кӯдакистонҳои хусусии “Ваҳдат” ва “Насли ориё” бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Маорифчиёни ноҳия аз он изҳори шодмонӣ доранд, ки ба наздикӣ бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37, бинои филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 дар деҳаи Оби шифои Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, бинои нави таълимӣ барои 275 нафар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт ва толибилмон дар синфхонаҳои муҷаҳҳазонидашуда бо техникаи ҳозиразамон сабақ хоҳанд омӯхт. Татбиқи амалии “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ эълон кардани солҳои 2020 - 2040” самти муҳими фаъолияти аҳли маориф буда, бо ин мақсад 120 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ва 150 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ба шогирдон сабақ меомӯзанд. То кунун 180 нафар омӯзгори фанҳои забони русию англисӣ аз курсҳои такмили ихтисоси ноҳиявию вилоятӣ гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд.

 Боиси тазаккур аст, ки чор нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, биология дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ фаъолона иштирок карда, 1 нафар ба гирифтани ҷойи аввал, 1 нафар сазовори мақоми дувум ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Аз натиҷаи олимпиадаи фосилавии IMAS бошад, панҷ нафар хонанда барои иштирок ба даври ниҳоӣ аз фанни математика роҳхат гирифтанд.

 - Мо, маорифчиён дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишу маърифати фарзандон, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълимро ба ҷон мепазирем ва барои иҷрои он тамоми кӯшишу ғайрати худро ба кор мебарем, то арзандаи боварии Президенти кишвар бошем, - гуфт Нуриддин Боқиев.

ЗАҲМАТИ ПУРМАШАҚҚАТИ ДУХТУРОН

Меҳнати суботкоронаву ҷонфидоии нафарони хилъати сафедпӯш – онҳоеро, ки имрӯз дар арсаи зиндагӣ ҷон ба каф гирифта, ба қасами худ содиқ мондаанд, бояд хоса зикр кард. Зеро баъди расман эълон шудани фарогирии бемории сироятии коронавирус дар тамоми ҷаҳон духтурону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи ноҳиявӣ, марказҳои саломативу хонаи саломатӣ барои тахшису муолиҷаи гирифторони ин беморӣ заҳмати пурмашаққат кашиданд.

Духтурону кормандони соҳаи нигоҳдории тандурустии ноҳияро суханони таскинбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад ва сабру тамкинро риоя менамояд», болу пар мебахшад. Дар ин раванд ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ” корҳои назаррасе ба анҷом расиданд. Боиси қайд аст, ки дар ноҳия 50 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла беморхонаи марказии ноҳиявӣ дорои 275 кат, 4 беморхонаи минтақавӣ бо 310 кат, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 11 маркази саломатии деҳот, 17 бунгоҳи саломатӣ, маркази ташаккули ҳаёти солим, 4 маркази махсусгардонидашуда дар заминаи Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатӣ-санитарию эпидемиологӣ ва 7 муассисаи хусусӣ амал карда, дар муассисаҳои тиббӣ 55 табиб ва 345 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият мебаранд.

Бо вуҷуди кӯшишу заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ онҳо ба табибони эҳё ва наҷот, рентгенолог, рӯҳшинос, саратоншинос ва сироятшинос эҳтиёҷ доранд. Соҳибкорони маҳаллии ноҳия заҳмату талошҳои духтуронро барои шифоёбии беморон ба назар гирифта, азм карданд, ки барои ободонии диёр ҳиссагузор бошанд.

Имрӯз сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон, Мастчоҳ, Палдорак ва Навбаҳор, ҳамчунин, табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони беморхонаҳои минтақавии ин ҷамоатҳо аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати таъмиру азнавсозии беморхонаҳои минтақавӣ изҳори шодмонӣ доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти байналхалқии “Ҳилоли Аҳмар” дастгоҳҳои нафаскашӣ ва кондитсионер, ҳамчунин, дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беморхонаю марказҳои саломатӣ насб гардида, ба аҳолӣ хизмат расонда истодааст.

ҚАСРИ ФАРҲАНГ- ТУҲФАИ ҶАШНӢ

Мардуми ноҳия шод аз он ҳастанд, ки ҳанӯз соли 2016 баъди иштирок дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ симои ноҳия ранги дигар гирифта, дар ин замина, барои бунёди қасри бошукӯҳи фарҳанг заминагузор гардид.

Имрӯз Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, ки сохтмони бинои он бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат 8-уми ноябри соли 2017 оғоз гардида буд, пурра ба анҷом расида, санаи 14 - уми сентябри соли 2020 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаҳои фарҳангии ноҳия фаъолияти хешро дар нӯҳ моҳи соли 2020 ба таъмини иҷрои талаботи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ, 75 - солагии Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии оила, Рӯзи ҷавонон, 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 29 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, тарбияи маънавии шаҳрвандон, хизматрасонии маданӣ ба аҳолӣ, ташкили фароғати онҳо ҳиссаи намоён гузоштанд.

Дар ин давра ҳамзамон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон”, варзишгоҳи муосир барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”, бинои маркази адлия, муҷассамаи рамзии “Пахтаи шукуфон” ва ғайраҳо ба истифода дода шуданд, ки боиси хурсандии фарҳангиёни ноҳия гардид. Имрӯз тибқи иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” сохтмони маркази ҷавонон дар деҳоти Палдораки ноҳия вусъат ёфта истодааст.

Айни замон дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳия 2 Қасри фарҳанг ва Филармонияи халқӣ, хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 клуб, 3 коллективи халқӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 17 филиал - китобхонаҳои деҳот ва боғи фарҳангу истироҳат амал мекунанд, ки дар ин муассисаҳо 153 нафар кору фаъолияти муназзам доранд.

 САЙЁҲӢ ВА ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО САЙЁҲӢ ВА ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО

 Эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат кард. Ҳарчанд ноҳия нисбатан навтаъсис буда, мавзеъҳои таърихӣ, кишваршиносӣ ва истироҳатии кам дошта бошад ҳам, вале соҳибкорони ноҳия дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ саҳми арзанда доранд. Соҳибкор Ниёз Султонов осоишгоҳ – маркази ташхисию табобатии “Сино” ва соҳибкор Ситорамо Акрамова осоишгоҳ – маркази ташхисию табобатии “Моҳрӯз” таъсис додаанд, ки дар ин муассисаҳо дар баробари сокинони ноҳия, сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ саломатии худро барқарор намуда истодаанд.

Дар ин раванд, агар соҳибкорон Сафия Ҳасанова тарабхонаи замонавӣ барои 50 ҷойи нишаст, Ботур Ҳокимов қаҳвахона барои 40 ҷойи нишаст, Наврӯз Аҳмадов ошхонаи таомҳои миллӣ барои 100 ҷойи нишаст, ки ҷавобгӯйи талаботи муосир мебошанд, бунёд намуда, ба истифода дода бошанд, дар шаҳраки Бӯстон сохтмони Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ аз тарафи соҳибкор Мирзо Шукурзода ва меҳмонхона барои 50 ҷой аз тарафи соҳибкор С.Сафаров оғоз гардидааст. Барои хизматрасонӣ ба сайёҳон дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, алоқаи мобилии ТSLL, иншооти муосири сарироҳии беҳдоштию санитарӣ бо оби гарму хунук, як ҳуҷраи ҳаммом, нақлиёти мусофиркашонии таксӣ амал мекунад.

Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Бӯстон - Чаноқ насби аломатҳо ва нишонаҳои сарироҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда шудаанд. Эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” истеъдодҳои нав, соҳибкорони эҷодкорро пайдо намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 фестивал - озмунҳои ноҳиявии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” , “Атласу адрас”, “Дастархонороӣ”, “Чакомаи гесӯ” гузаронида шуда, ҳунармандони ноҳия дар фестивалҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуданд. - Ҳамаи ин шукуфоӣ, пешравию ободӣ, созандагию бунёдкорӣ аз пуштибониву дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи он кас дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат ба ноҳияи Мастчоҳ аст. Зеро маҳз бо қудуми мубораки Сарвари давлат ҳар гӯшаву канори ноҳия обод ва мардумаш доимо шод ҳастанд.

Сокинони ноҳия ифтихорманданд, ки Пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон доранд ва зери дастуру супориш, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи он кас тамоми кӯшишу ғайрат ва саъю талоши худро барои пешравию шукуфоии Ватан равона хоҳанд кард, - иброз дошт раиси ноҳия Тоҳир Азиззода.

Шоира КАРИМЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh